Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи сабзиву пиёз



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Қимати муҳимтарин маҳсулот дар бозорҳои Душанбе

Ба хусус, афзудани қимати пиёз дар бозорҳои Тоҷикистон мардумро норозӣ сохтааст. Баландтарин қимати як кило пиёзи ҳосили соли гузашта дар бозорҳои Душанбе 2 сомонӣ мебошад, аммо ба тозагӣ пиёзи ҳосили имсол ворид ба бозор шудааст, ки қимати як килои он 1 сомониву 20 дирам то як сомониву чил дирам мебошад.

Ба ҳамин минвол, баҳои як кило картошкаи ҳосили соли гузашта назар ба кайфияти он дар ҳудуди 65 дирам то 1 сомонӣ мебошад. Аммо нархи картошкаи ҳосили баҳорӣ ҳудуди 1 сомониву 30 дирам то 1 сомониву 40 дирам аст.

Баҳои сабзӣ дар бозорҳои бузурги пойтахт назар ба кайфияти он дар ҳудуди 1 сомониву 20 дирам то 1 сомониву 40 дирам аст. Фурушандагони сабзиҷот афзудани қимати картошка, пиёз ва сабзиро аз як су ба мавсими сол ва аз суи дигар ба захоири нокифояи ин мавод дар соли гузашта марбут медонанд.

Қимати як халта орди панҷоҳкилоӣ назар ба кайфият ва тавлидкунандаи он аз 29 то 35 сомонӣ мебошад. Масалан, қимати орди навъи якуми Асламон, ки аз Қазоқистон ворид мешавад, 35 сомонӣ ва орди навъи дуюми Қустанайи Қазоқистон 29 сомонӣ мебошад. Ба ҳамин тартиб, қимати як халта орди тавлиди корхонаи ноҳияи Шаҳринав 31 сомонӣ ва орди ширкати "Хуросон"-и ноҳияи Ҳисор 30 сомонӣ аст.

Ба гуфтаи нозирони вазъи бозор, тайи ду ҳафтаи ахир қимати биринҷ, ки аз умдатарин маводи ғизоӣ дар паҳлуи орд ва картошка ба шумор меояд, низ ҳудуди 30 фоиз афзоиш кардааст ва имруз дар бозорҳои бузурги Душанбе назар ба навъият ва маҳалли парвариш қимати 1 кило биринҷ 1 сомониву 60 дирам то 2 сомониву 40 дирамро ташкил додааст. Масалан, 1 кило биринҷи тавлиди Чин бо қимати 1 сомониву 60 дирам ва биринҷи оқпар, тавлиди ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон, 2 сомониву 10 дирам ва биринҷи маъруф ба номи Хоразм аз Туркманистону Узбакистон 2 сомонӣ ба фуруш мерасад.

Қимати гушти гов дар бозорҳои Душанбе 5,5 сомонӣ ва гушти гусфанд 7 сомонӣ мебошад. Ва аммо қимати 1 литр равғани пахта, ки ба қавли фурушандагон дар корхонаи равғани Душанбе тавлид шудааст, баробари 3 сомонӣ ва қимати як литр равғани зағир 3 сомониву 40 то 3 сомониву 50 дирам аст.

Дар ғурфаҳои табдили арз ё асъор баҳои 1 доллари амрикоӣ 3 сомониву 15 дирам, баҳои 1 евро 3 сомониву 30 дирам мебошад. Аммо тибқи таносуби муқараркардаи Бонки Миллии Тоҷикистон, баҳои 1 доллари ИМ баробари 3, 081 сомонӣ мебошад.

Қимати як литр бензин дар сухтфурушиҳои Душанбе 1 сомониву 15 дирам ило 1 сомониву 25 дирам аст.

Ва аммо қимати сабзавоте мисли бодиринг дар ҳоли афтодан аст. Фурушандагон мегуянд, ҳафтаи гузашта бодиринги воридшуда аз вилояти Самарқанди Узбакистон дар бадали 4,5 сомонӣ фурухта мешуд ва акнун чун бодиринги вилояти Хатлон вориди бозор гаштааст, қимати бодиринг ба ҳадди 2 сомонӣ то 1 сомониву 80 дирам поён омадааст.

XS
SM
MD
LG