Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ожонсӣ фаъолияташро тақвият медиҳад



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Зарфи се моҳи аввали соли 2003 -ум назар ба ҳамин мавсими соли 2002 -ум Ожонсии назорат бар маводи мухаддири дастгоҳи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба бештар маводи мухаддирро аз қочоқбарон мусодира кардааст.

Ин матлабро раҳбари дафтари матбуоти ожонсии мазкур Аваз Юлдошев баён дошт. Вай гуфт, соли гузашта дар ҳамин муддат 1 тонна маводи мухаддир мусодира шуда буд ва имсол тайи замони аз моҳи январ то охири моҳи март андозаи маводи боздоштшуда аз ҷониби оҷонсӣ ба 3 тонна расидааст.

Назар ба иттиллои ҷаноби Юлдошев, идораи вай тули тамоми соли гузашта 7 тонна маводи мухаддирро мусодира кардааст, аммо имсол интизор меравад, интиқоли гайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон афзоиш ёбад.

Бар пояи таҳлилҳои мақомоти Созмони Милал, масъули дафтари матбуоти ожонсӣ гуфт, соли гузашта ва имсол дар Афғонистон назар ба давраи ҳукуматдории Толибон ҳосили ба маротиб бештари маводи мухаддир ҷамъоварӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG