Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони хориҷа дар Душанбе ҷамъ мешаванд



Мирзои Салимпур



Ҷанги Ироқ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои муштаракулманофеъ як мавзуъи асосии мулоқоти Шурои вазирони умури хориҷаи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) дар таърихи 11-уми моҳи апрел дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд.

Як манбаъ аз сафорати Русия дар Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия Плюс" изҳор дошт, ки дар нишасти Душанбе барномаи муборизаи муштараки ИДМ алайҳи терроризм ва экстремизм барои ду соли оянда муҳокима мешавад.

Қарор аст, дар ин мулоқот масъалаи фармондеҳии нируҳои ҳомии сулҳ дар Абхазистон, масоили марбут ба истиқрори сулҳ дар ин ҷумҳурии худхондаи Гурҷистон ва барномаи таҷлил аз 60-солагии пирузии Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ мавриди баррасӣ қарор бигирад.

XS
SM
MD
LG