Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хатари САРС-ро ҷиддӣ гирифтааст



Раҳматкарими Давлат



Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти бемории марговари илтиҳоби ғайримуқарарии шуш дар Тоҷикистон тадобири шадид руи даст гирифтааст. Табибон ба аҳолии кишвар машварат медиҳанд, ки муваққатан аз сафару саёҳат ба кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ худдорӣ кунанд.

Муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон Зиёвиддин Афғонов ба Радиои Озодӣгуфт, фаъолияти хадамоти санитарӣ-эпидемиологии фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳани кишвар тақвият дода шудааст. Ба қавли мансабдор, кормандони ин ниҳод вазъи сиҳҳати тамоми мусофирони ҳавопаймоҳо ва қаторҳои роҳи оҳанро ташхис мекунанд ва сипас иҷозаи вуруд ба кишварро медиҳанд. Махсусан мусофирони ҳавопаймоҳои аз Чин ва дигар кишварҳои осиёӣ омада бояд аз ташхиси комили тиббӣ гузаранд.

Зиёвиддин Афғонов гуфт, то кунун дар Тоҷикистон ягон нафар мубталои бемории илтиҳоби ғайримуқаррарии шуш нашудааст. Аммо тибқи хабарҳо, дар саросари ҷаҳон то ҳоли ҳозир 99 гирифтори ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Тафсилоти ин хабар дар гушаи Гузоришҳо.

XS
SM
MD
LG