Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмонов бо Продӣ мулоқот кард



Саидқосими Қиёмпур



"Иттиҳоди Аврупо интиқоли кумакҳои башарӣ ба Тоҷикистонро идома медиҳад ва ҳамзамон ба ёриҳое рӯ меоварад, ки ба рушди ин кишвари Осиёи Марказӣ мусоидат намоянд." Ин матлабро Романо Продӣ - раиси Комиссияи Аврупо ба думболи мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов баён дошт.

Ҷаноби Продӣ афзуд, Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби барномаи ТАСИС ҳамасола ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маблағи 50 миллион евро кӯмаки техникӣ мерасонад. Айни ҳол Романо Продӣ изҳор намуд, ки кӯмаки Иттиҳоди Аврупо фақат дар ҳоле самар хоҳад дод, ки Тоҷикистон ба ислоҳоти босамари замин ва хусусигардонӣ меш барад.

Гузориши муфассал дар гушаи Гузоришҳо ва Архив

XS
SM
MD
LG