Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг дар Ироқ ба авзои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад



Мирзонабии Холиқзод

Назари таҳлилгарони тоҷик.

Муовини раиси бахши иттилоот ва омӯзишии дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон Суҳроб Шарипов 25 март дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ҷанги Ироқ барои Тоҷикистон, ки фарсахҳо дур аз Бағдод қарор дорад, дар заминаи сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ паёмадҳои нохуш хоҳад дошт. Ва агар ин ҷанг давомдор боқӣ монад, Тоҷикистон зарари иқтисодӣ хоҳад дид.

Суҳроб Шарифов афзуд:"Он гурӯҳҳое, ки дар Афғонистон зидди неруҳои амрикоӣ мубориза мебаранд, ба мисли боқимондаҳои Толибон ва дигар гурӯҳҳои тундрави исломӣ метавонанд амалиётҳои харобкоронаи худро афзоиш диҳанд. Ва ин дар навбати худ метавонад ба вазъи амниятии Тоҷикистон ва на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа таъсири хеле ҷиддӣ ва манфӣ расонад. Ҳамчунин ин ҷанг метавонад идеяҳои панисломистиро дар Осиёи Марказӣ сар бардоранд, чунки дар Ироқ мусулмонон ҳастанд ва ин ҷанги кишвари насронӣ дар кишвари мусулмонӣ бешак ба афкори мусулмонон таъсири манфӣ мегузорад."

Ба назари Суҳроб Шарипов Тоҷикистон як кишвари кӯчак ва мӯҳтоҷ аст ва наметавонад ба таври мустақим аз Иёлоти Муттаҳида дифоъ ё алайҳи он мавзеъгирӣ кунад. Зеро агар мавқеи зиддиамрикоиро пеш гирад, аз барномаҳои сармоягузории Амрико маҳрум хоҳад шуд ва агар аз Амрико дифоъ кунад, аз кӯмакҳои иқтисодии Русия бебаҳра мемонад.

Сиёсатшиносони тоҷик бар инанд, ки Тоҷикистон дар чунин вазъ бояд мавқеи бетарафро ихтиёр кунад ва онҳо изҳороти ҳукумати Тоҷикистонро мисол меоранд, ки тақрибан мӯҳтавояш монанд ба масали на сих сӯзад на кабобро дошт. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфта буд, аз оғози ҷанг дар Ироқ нигарон аст ва ибрози умедворӣ карда буд, ки барои ҳифзи ҷони ғайринизомиён тамоми чораҳо андешида мешаванд. Вале коршиноси мустақили тоҷик Исмоил Раҳматов мегӯяд, ин мавқеи Тоҷикистон бештар ба масали дигар монанд аст, яъне ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад.

Ахиран ҳафтаномаи сиёсии "Бизнес ва Политика"-и чопи Душанбе мақолаи таҳлилии ҷомеашиноси тоҷик Рустам Ҳайдаровро таҳти унвони "Ҷанг дар Ироқ" ба нашр расонид. Нависандаи мақола мегӯяд, Ироқ мисли Афғонистон кишвари ҷангдида нест ва ба ҷанги чирикй ҳам даст нахоҳад зад. Илова ба ин ба назари оғои Ҳайдаров равиши ҷанги Ироқ ба ҷанги Ветнам ҳам табдил нахоҳад ёфт, зеро агар дар ҷанги Ветнам як лагери бузурги алайҳи Амрико, Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт. Имрӯз заминаи ба миён омадани чунин иттиҳоди бузурге, ки алайҳи Амрико қарор дошта бошад ва аз Ироқ пуштибонӣ кунад вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG