Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмонов дар Форуми Ҷаҳонии Об суханронӣ кард



Салими Аюбзод



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зимни суханронияш дар Форуми Ҷаҳонии Об, дар шаҳри Киётои Ҷопон пешниҳод кард, давраи аз соли 2005 то 2010 даҳаи ҷаҳонии об эълон шавад ва кӯшишҳои ҷомеаи байнулмилал дар ҳалли мушкилоти марбут ба об ҳамоҳанг гарданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз ҷомеаи байнулмилал тақозо кард, барои ҳалли мушкилот ва ҷилавгирӣ аз хушкшавии баҳри Арал ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак кунанд.

Дар баробари ширкат дар Форуми Ҷаҳонии об Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин бо нахуствазири Ҷопон Ҷунихиро Коидзумӣ мулоқот кард ва аз соҳибкорони ин кишвар даъват намуд дар бунёди неругоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон саҳм бигиранд.

Ҳангоми бозгашт аз Ҷопон Эмомалӣ Раҳмонов дар шаҳри Пекин пойтахти Чин таввақуф намуда, бо раиси Шурои марказии ҳарбии Чин Ҷианг Земин мулоқот кардааст. Ҳар ду ҷониб аз ҳамкориҳои феълии Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, ба рушди бештари он таъкид кардаанд.

XS
SM
MD
LG