Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси ислоҳи Конститутсия дар нишасти аҳзоби сиёсии Тоҷикистон



Мирзонабии Холиқзод

Аҳли нишаст кори Комиссияи тағйироти Сарқонунро ноошкор хонданд



Намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар як мизи гирд дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карданд, ки баррасии пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ аз ҷониби парлумон ва ҳукумати кишвар, пинҳонӣ ва пушида ҷараён дорад.

Ин мизи гирд бо пуштибонии Бунёди Байналмиллалии Системаи Интихобот ва Анҷумани Сиёсатшиносони Тоҷикистон 18 март сурат гирифт. То кунун ҳеҷ яке аз аҳзобии сиёсӣ дар мавриди ин тағйиру пешниҳодот расман изҳори назар накардааст.

Намояндагони аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, мунтазир ҳастанд, ки Комиссияи ҳамоҳангсози пешниҳодоти порлумонӣ маҷмӯи тағйиру иловаҳоро ба ҳизбҳо таслим кунад ва онгоҳ мавқеи расмиро баён хоҳанд дошт.

Муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар ин нишаст пешниҳод намуд, барои ин ки ҷараёни баррасиҳо ба таври пӯшида сурат нагиранд. Намояндагони ҳамаи аҳзобу созмонҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои ҷамъиятӣ президент Раҳмоновро даъват кунанд ва мавзӯи тағйиротҳоро ба таври ошкоро баррасӣ кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ меафзояд:"Ин ҳама ибтикорҳову ташаббусҳо ким чӣ хел пинҳониву ғайриошкор амалӣ шуда истодаанд ва чӣ хеле ки дар нишасти имрӯз ҳам қайд шуд, ҳастанд касоне, ки на онҳо ҷонибдори он ҳастанд, ки ҳамагуна баҳсҳо дар Тоҷикистон ошкор ва ва хеле озод сурат мегиранд. Бояд ки ҳамин гуна мизҳои мудаввар ва нишастҳо бо ширкати сохторҳои ҷамъиятӣ доир карда шаванд."

Намояндаи бахши иттилооти дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ Суҳроб Шарифов низ, ишора мекунад, ки ин пешниҳодот кушоду рӯшан дар байни ҷомеа матраҳ намегарданд ва ба назари у ин таъсири замони пешин аст, ки бархе аз сиёсатмадорон ба шакли кӯҳнаи шуравӣ андеша мекунанд.

Суҳроб Шарифов меафзояд:"Мо метавонем гуфт, ки ҳизбҳои сиёсӣ ҳам хеле маърифати ҳуқуқии баланд доранд. Аз ин нуқтаи назар мо метавонистем, ки мо камтар баҳси чунин саволҳои муҳимро дигаргун созем ва ошкортар баррасӣ намоем."

Ва аммо намояндаи Бунёди Байналмиллалии Системаи Интихобот Энтонӣ Бойер ба ин назар аст, ки дар ҷараёни тасҳеҳу тағйирот ва иловаҳо ба чунин як қонуни ҳаётӣ назари ҳамаи неруҳои сиёсӣ ва дар маҷмуъ назари ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ба инобат гирифта шавад.

Оғои Бойер аз ҷумла гуфт:"Бале мо шоҳиди як баҳси ҷидии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон доир ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосӣ шудем. Ба назари ман, илова ба ин як гурӯҳи корие, ки дар Маҷлиси Намояндагон ба масъалаи пешниҳодот машғул аст, як гурӯҳи дигари берун аз ҳукумату парлумон созмон дода шавад, ки назару пешниҳодоти тарафҳои дигари манфиатдорро биомузад ва ба порлумон пешниҳод кунад. Яъне чунин имкон бояд дод, ки ҷомеа аз ҷараёни тағйиру иловаҳо огоҳ бошад ва дар ин раванд бевосита ширкат кунад."

Дар ҷараёни мизигирд ҳамчунин ишора шуд, ки беш аз як моҳ мешавад масъалаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосӣ дар Маҷлиси Намояндагон идома дорад. Тағйиру иловаҳо ва ҷараёни баҳси намояндагони парлумон дар нашрияҳо инъикос намегардад. Аз тариқи барномаи ахбори телевизион ва радиои ҷумҳурӣ танҳо ба таври умумӣ иттилоъ дода мешавад, ки намояндагони маҷлиси поёнӣ масъалаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосиро баррасӣ намуд.

Бар асоси итиллои ахири Комиссияи ҳамоҳангсози тағйиру иловаҳо, теъдоди пешниҳодҳо ба Қонуни Асосӣ аз 31 ба 224 расидааст.

XS
SM
MD
LG