Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони кишварҳои узви Созмони Авросиё охири моҳи апрел дар Душанбе ҷамъ мешаванд



Мирзои Салимпур



Иҷлоси навбатии раҳбарони кишварҳои узви Созмони Иқтисодии Авросиё дар таърихи рузҳои 27-ум ва 28-уми моҳи апрел дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Дар ин мулоқот ширкати руасои ҷумҳуриҳои Русияву Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва ҷониби мизбон - давлати Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Қарор аст, ҳайъатҳои баландпоя аз Молдоваву Украина ва Арманистон низ дар нишасти Душанбе ба ҳайси нозир ҳозир шаванд.

Дар ҳошияи нишасти Авросиё анҷоми нахустин сафари расмии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон низ дар назар дошта шудааст. Игор Иванов, вазири хориҷаи Русия гуфт, дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон ин масъаларо ҳам бо раҳбарияти ин кишвар баррасӣ кардааст. Ба ақидаи у, сафари оқои Путин рушди минбаъдаи равобити байни Тоҷикистону Русия дар соҳоти гуногунро таккони ҷиддӣ хоҳад дод.

Омузиши мизони омодагии пойтахти Тоҷикистон барои баргузории ин нишасти муҳим як ҳадафи аслии сафари Григорий Рапота, дабири кулли Созмони Иқтисодии Авросиё ба Тоҷикистон буд.

Оқои Рапотаро дар ин сафар як ҳайъат аз ширкати давлатии барқи Русия ҳамроҳӣ мекард. Григорий Рапота гуфт, дар ҳоли ҳозир мавзуъи содироти нируи барқи Тоҷикистон ба Русия ба таври ҷиддӣ омухта мешавад ва дар ин робита роҳҳои гуногуни идомаи сохтмони ду ниругоҳи Роғун ва Сангтудаи Тоҷикистон низ дар маърази баррасӣ қарор доранд.

XS
SM
MD
LG