Пайвандҳои дастрасӣ

Тибби Тоҷикистон дар роҳи ислоҳот



Хиромони Бақозода

Ҷараёни ислоҳоти ин ришта ҳамчунон дар қайди ислоҳи зоҳир маҳдуд мондааст.

Чанд сол баъд шояд як ҳамшираи шафқати тоҷик, ки то ҳол фаъолияташ танҳо иборат аз кумак ба духтур мебошад, масъулияти як табиби мактабдидаро ҳам бар душ бигирад. Агар то имруз барои ихтисоси касби ҳамшира таҳсили сесола дар омузишгоҳи махсус кофӣ бошад, дар солҳои наздик хоҳишмандони ин касбро зарур мешавад мактаби панҷсолаи олии тиббиро хатм кунанд.

Бо арзи ин матлаб Назира Ортиқова, корманди масъули Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) дар Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар тули 4 соли охир дар Тоҷикистон ислоҳоти куллии сохтори беҳдошт ба роҳ монда шуда, дар таъмини молии ҷараёни он як қатор созмонҳои ҷаҳонии маблағгузор саҳм мегиранд.

Дар раъси ин маърака худи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт қарор дорад. СҶБ дар инмаврид дар ҳамкории зич бо Оҷонсии Рушди Байнулмилалии Ийолоти Муттаҳида - ЮСАИД, Бунёди Оғохон, Бонки Ҷаҳонӣ фаъолият мекунад ва дар фурсати наздик ба барномаи мазкур пайвастани Бонки Осиёии Рушд ҳам дар назар аст.

Дар маҷмуъ то имруз барои ислоҳи низоми беҳдошти ҷумҳурӣ 34 милён доллар ихтисос ёфта ва, тибқи пешбинии вазорати беҳдошти Тоҷикистон, интизор меравад, ҳар сол ба сандуқи татбиқи ин барнома боз 20-25 милён доллар ворид шавад.

Барномаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб ва ё тренинги табибон ҳам як бахши ҳамин барномаи ислоҳот аст, ки моҳе қабл дар Душанбе бо сарпарастии созмони дигари байнулмилалӣ - "Здрав-Плюс" ба роҳ гузошта шуд. Эд Ҳаррис, раҳбари ин барнома дар Душанбе гуфтааст, ҷараёни пурраи таҳсил 11 моҳро дар бар мегирад ва дар ин муддат табибони оддии дармонгоҳҳои маҳаллӣ соҳиби касби духтури хонаводагӣ мешаванд.

Усулан, ислоҳоти сохтори беҳдошти кишвар ба бунёди низоми қавии тибби хонаводагӣ тамаркуз додааст. Чаҳор сол қабл, ҳамзамон бо шуруъи ҷараёни ислоҳот, дар донишгоҳи тиббии ба номи Абуалӣ Ибни Синои Душанбе факултаи нави тибби оилавӣ оғоз ба кор кард ва баъди як сол 233 хатмкунандаи аввали ин ришта нахустин дипломҳои табиби хонаводаро соҳиб мешаванд.

Корманди созмони ҷаҳонии беҳдошт Назира Ортиқова мегуяд, дар баробари ин, имруз 13 нафар аз табибони тоҷик барои омузиши касби духтури оилавӣ ба Бритониёву Исроил ва Русияву Қирғизистон рафтаанд. Баъди бозгашт онҳо донишҳои дар риштаи тибби хонаводагӣ андухтаи худро ба табибони маҳаллӣ хоҳанд омухт.

Фируза Зокирова, духтури Пажуҳишгоҳи амрози зану кудак, ки марбути вазорати беҳдошт аст, як нафар аз ширкатдорони барномаҳои ислоҳоти риштаи тибб мебошад. Вай ба ҷонибдорӣ аз ҷараёни ислоҳи риштаи ҳифзи сиҳҳат гуфт:

"Албатта, ин барномаҳо барои мо даркор аст. Барои он ки ин барномаҳо кам кардани бемориҳоро дар минтақаи мо ба ҳадаф доранд. Албатта, тибби оилавӣ хеле хуб аст, барои он ки як духтур ба як оила меравад, у ҳам кудакҳоро медонад, ҳам падару модарашро медонад, ва худро аз пайвандони ин оила ҳисоб мекунад. Ва ҳар вақте ки мушкиле пайдо мешавад, вай онро зуд ҳал мекунад. Албатта, тибби оилавӣ бояд бошад."

Дар баробари эҷоди низоми тибби хонаводагӣ, ҷараёни ислоҳот риштаи менеҷмент ва ё идораи низоми беҳдошт, мизони ироаи хадамот дар бемористонҳо ва ҳамчунин бахши маблағгузории ин ришта ва маълумоти тиббиро фаро хоҳад гирифт.

Табибоне, ки собиқаи кори онҳо ҳануз аз замони шуравӣ шуруъ шудааст, мегуянд, аз назари низоми кор, шеваи фаолияти онҳо дар пайи ислоҳот хеле соддатар хоҳад шуд. Вале онҳо аз рақам задан дар ин бора, ки оё низоми ҷадиди ҳифзи сиҳҳат дар Тоҷикистон то куҷо комёб ва муваффақ хоҳад буд, худдорӣ мекунанд.

Онҳо мегуянд, танҳо дар пайи тамоми риштаҳои ин соҳаро фаро гирифтани маҷрои ислоҳот мешавад ба қазовати пайомадҳои сифатии он ҷуръат кард. Онҳо мутақоиданд, ки то ҳоли ҳозир ислоҳот дар қайди зоҳир ва ё ҳамчунон дар шакли назария маҳдуд мондааст.



XS
SM
MD
LG