Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Татбиқи барномаи "Ғизо дар баҳои кор" дар минтақаи Кулоб идома хоҳад ёфт



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Ҳадафи он ҳам аз вартаи гуруснагӣ ва ҳам аз қайди тафаккури дастнигарӣ берун кашидани мардум аст.

Беш аз 95 000 нафар аз сокинони фақири минтақаи Кулоб дар соли ҷорӣ аз суи Барномаи Ҷаҳонии Озуқаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) кумак мегиранд.

Дар зарфи 2 соли гузашта СММ ба 800 000 нафар кумаки ғизоӣ додааст. Анна Виниченко, сарвари Барномаи Ҷаҳонии Озуқа дар навоҳии Кулоб мегуяд, ҳар сокини севвуми минтақа аз кумакҳои хайрияи барномаи мазкур бархурдор шудааст, аммо бо ин вуҷуд шумораи ниёзмандони ёрона дар мавзеъ пайваста меафзояд. Анна Виниченко мегуяд:

"Ниёзмандон хеле зиёданд. Тибқи иттилоъи Бонки Ҷаҳонӣ, беш аз 80 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар сатҳи пасти фақр қарор доранд. Аммо мо кушиш дорем ба мардуми аз ҳад зиёд камбизоат кумак расонем. Яъне аз 80 дарсад мардуми фақир мо ба 45 дарсади онҳо кумаки ғизоӣ мерасонем. Кумаки ахириро нафароне мегиранд, ки шадидан муфлисанд."

Сабади нисбии ғизоӣ ё худ хуроквории ҳаррузаи камбизоатонро СММ 1 600 килокалория муайян кардааст. Ба ин сабад барои ҳар руз 200 грамм орд, 15 грамм равған, 5 грамм намаки йоддор ва 15 грамм лубиё дохил мешавад. Ба иттилоъи коршиносони Барномаи Ҷаҳонии Озуқа ин миқдори ғизоест, ки дар зарфи як шабонаруз барои як одами солим лозим аст.

Аз ҷониби дигар, атфоли аз 6-моҳа то дувунимсола, тибқи барнома, пайваста кумаки хурокворӣ мегиранд. Занони ҳомила, навзо ва модарони тифли ширмак дошта низ аз кумакҳои СММ бархурдор ҳастанд.

Аммо Анна Виниченко мегуяд, кумакҳои пайваста таъсири манфӣ ҳам доранд, зеро зумрае аз мардумро ба истилоҳ танбал ва дастнигар мекунанд. Аз ин ру, Барномаи Ҷаҳонии Озуқа барномаи нави "Ғизо дар баҳои кор"-ро дар вилояти Хатлон пиёда мекунад. У афзуд:

"Барномаи нави "Ғизо дар баҳои кор" шоҳи барномаҳои мост. Зеро маҳз тавассути ҳамин барнома мо ба тафаккури одамон таъсир мерасонем. Мардуми камбизоат тибқи барномаи мазкур хуроквориро на ҳамчун кумак, балки чун маош мегирад. Бо ин усул, мо бо як тир ду нишон мезанем. Ба унвони мисол, агар як нафар тибқи барномаи мо як ҷуйро поккорӣ кунад ва ҳар руз дар ивази кораш 3 кило орд гирад, ҳам ба ҷамъият фоида меорад ва ҳам аҳли байти у бо хурокворӣ таъмин мешавад. Аммо ин аллакай ғизои муфт нест, балки натиҷаи заҳмати дасти сарвари оила аст."

Тули 2 соли гузашта беш аз 15 000 хонавода дар минтақа дар чаҳорчуби барномаи мазкур бо кор фаро гирифта шудаанд. Коршиносон мегуянд, барномаи "Ғизо дар баҳои кор" ягона барномаи воқеъии СММ аст, ки мардумро на фақат аз вартаи гуруснагӣ, балки аз банду қайди тафаккури дастнигарӣ ҳам мераҳонад.

XS
SM
MD
LG