Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳдии Каррубӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов вохурд



Мирзои Салимпур



Меҳдии Каррубӣ, раиси Маҷлиси Шурои Исломии Эрон, ки дар раъси як ҳайъати парлумони кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон ба сар мебарад, субҳи чаҳоршанбе бо раисиҷумҳури ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонов дидор ва гуфтугу кард.

Дар ин мулоқот масоили марбут ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва масоили байнулмилалӣ, бо шумули мавзуъоти Ироқу Афғонистон мавриди баррасии тарафайн қарор гирифтаанд.

Меҳдии Каррубӣ дар ҷараёни дидори серузааш аз Душанбе ҳамчунин бо руъасои ҳар ду палатаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон мулоқот ва аз Хазинаи мероси хаттии Академияи улуми ин кишвар дидан мекунад.

Бино бар охирин хабарҳо, дар ҷараёни мулоқоти Меҳдии Каррубӣ бо раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев як созишнома дар мавриди равобити байни парлумонҳои Тоҷикистону Эрон имзо шудааст.



XS
SM
MD
LG