Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокираи ҳайъатҳои Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Тошканд



Мирзонабии Холиқзод

Ду кишвар чанд санади ҳамкорӣ дар риштаҳои обу энержӣ таҳия ва имзо кардаанд.

Рузи 3-юми март, таҳти сарварии нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов, як ҳайати баландпояи Душанбе дар Тошканд бо ҳамтоёни узбаки худ масоили равобити байни ин ду кишвар дар заминаи обу барқу газро баррасӣ кардааст. Дар ин ҳайат намояндагони вазоратхонаҳои умури хориҷа, об, энергетика, ширкати гази Тоҷикистон, ширкати "Нафтрасон" ва аз ширкати "Барқи Тоҷик" шомил буданд.

Масъалаи асосие, ки бар асоси онҳо созишномаҳои дутарафа ба имзо расид, масъалаи интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистон мебошад. Раиси идораи гази тоҷик Муҳаммадрузӣ Искандаров қабл аз сафараш ба Тошканд дар мавриди нукоти аслии ин санад гуфт: "Нархи газро мебинем, миқдори онро мебинем ва ҳам шароити интиқоли газ ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунем. яъне ҳамон масоилест, ки ҳар сол баррасӣ мешаванд."

Бино ба иттилоъи вазорати энергетикаи Тоҷикистон, як санади дигар ва муҳиме, ки байни ин ду кишвар ба имзо мерасад, масъалаи транзити барқи Тоҷикистон аз тариқи Узбакистон ба берун мебошад. Раиси департаменти барқи вазорати энергетикаи Тоҷикистон Рашид Гулов дар робита ба ин мегуяд:

"Яъне масъалаи аз ҳудуди Узбакистон, ба воситаи хаттҳои интиқоли барқи Узбакистон интиқол додани неруи барқ барои вилояти Суғд ва барои содироти неруи барқ ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Қазоқистон ва Қирғизистон."

Мутаххасисони риштаи энергетика мегуянд, Тоҷикистон дорои захоири муҳими барқ мебошад, аммо аз сабаби ин, ки роҳи баромад ба хориҷро надорад, наметавонад барои неруи барқи худ харидор пайдо кунад. Ягона роҳе, ки ба ин имкон медиҳад, аз тариқи Узбакистони ҳамсоя ҳаст, аммо Тошканд дар мавриди ин масъала то кунун хомуш буд.

Мавзуи тақсими оби Тоҷикистон бо Узбакистону Туркманистон ва Қазоқистон аз масоили дигаре мебошад, ки дар нишасти Тошканд низ баҳс шудааст. Бар асоси иттилоъи вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар фасли сармо Тоҷикистон оби худро барои Узбакистону Туркманистону Қазоқистон захира мекунад ва дар фасли кишт ба онҳо тақсим мекунад. Танҳо барои ҳамин хизмат Тоҷикистон аз ин кишварҳо пул мегирад. Ҳар сол миёни Тошканду Душанбе мавзуъи мазкур баррасӣ шуда, созишномаи танзими об ба имзо мерасад.

Ва аммо коршиносон мегуянд, дар ҳоле ки танҳо дар се соли ахир дар навоҳии марзии Тоҷикистон бо Узбакистон бар асари таркиши минаҳо наздик ба 70 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст, чаро байни Тошканду Душанбе мавзуи барчидани минаҳо дар ин марзҳо баррасӣ намегардад?

Ин иттилоъро Кумитаи марзбонии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Ба назари муовини дабири Шурои Амнияти Тоҷикистон Мирзоватан Ҳасаналиев, дар масъалаи безараргардонии минаҳои Узбакистон як мувофиқате ҳосил шудаст, ки имкон дорад дар охирҳои ҳамин моҳ ниҳодҳои қудратии ду ҷониб бар асоси нақшаи минагузорӣ ба барчидани онҳо иқдом кунанд. Вай гуфт:

"Вақтҳои охир ду- се вохурӣ буд дар сатҳи баланд нисбат ба масъалаи харитаҳои минагузорӣ. Ин масъала ҳоло ҳалли худро ёфтааст. ҳукумати Тоҷикистон чандин дафъа ба ҳукумати Узбакистон муроҷиъат кард, лекин ду дафъа мавзуъ дар сатҳи баланд гуфтугу шуда, ҳалли худро пайдо кард. Ҳоло боду ҳаво ва шароити дигар ба ин имкон намедиҳад, вале мумкин ҳаст баъди 20-уми март ба ин кор шуруъ кунанд. Лекин масъала ҳалли ниҳоии худро ёфтааст. ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам ҳукумати Узбакистон ба як хулосаи умумӣ омадаанд."

Аммо раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон Абдураҳмон Азимов дар ин масъала гуфт, Узбакистон кишвари мустақил буда, қаламрави худашро минакорӣ кардааст.

Аммо манобеи дигар мегуянд, Тоҷикистон барои ин ки Узбакистон аз манотиқи марзӣ минаҳои худро барчинад, кушиш ба харҷ медиҳад. Муовини раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон Нуралишоҳ Назаров мегуяд, пас аз анҷоми аломатгузории марзи муштараки Узбакистону Тоҷикистон масъалаи дуввуми муҳим дар байни ин ду давлати ҳамсоя мавзуъи барчидани минаҳо хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG