Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз пайомадҳои тағйири Қонуни Асосӣ ҳушдор медиҳад



Мирзонабии Холиқзод

Эҳтимоли тағйири матни Қонуни Асосии Тоҷикистон мавзуъи аслии суҳбати раиси ҳизби наҳзати ислом бо раҳбари дафтари сиёсии СММ дар Тоҷикистон шудааст.





Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, рузи 26-уми феврал ба думболи мулоқоташ бо Владимир Сотиров, намояндаи идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба сулҳи тоҷикон дар шаҳри Душанбе гуфт, пешниҳодоти намояндагони Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ ба парлумон дар мавриди вуруди тағйиру иловаҳо ба матни Қонуни Асосии кишвар новақт аст ва ин иқдом барои як ҳукумате, ки барои суботу амният дар кишвар талош меварзад, шоиста нест.

Оқои Нурӣ афзуд, имруз намешавад арзишҳоеро, ки мухолифини собиқ ва ҳукумат ба хотири онҳо сулҳ карданд, пеши по зад. Саид Абдуллоҳи Нурӣ гуфт, аз ин иқдом норозӣ мебошад. Вай афзуд:

"Воқеъан ва усулан мо розӣ нестем, ки чизҳое, ки ба воситаи онҳо сулҳ ба даст омада буд, дар ин муддати кутоҳ тағйир кунанд. Бо он ки, албатта, тарафдори ислоҳот ва даровардани тағйироту иловаҳо дар Конститутсия ҳастем, махсусан дар системаи судӣ, дар қонунҳои интихобот, дар механизмҳои дурусти интихоботи одилона ва ин чизҳо, ман фикр меекунам, ки ин кор ҳам ба манфиати сулҳ ва амният нахоҳад буд, зеро ман ошкор мегуям ки чун муҳлат ҳафт сол буд, як теъдод аз кадрҳое ҳастанд дар Тоҷикистон, ки онҳо худро омода сохта буданд барои баъди ҳафт сол. Ин табиист. Баъзеи онҳо метавонанд давлатро идора кунанд ва ба ин давлат хушбахтӣ биоранд. Вале фикр мекунам зарурати ҷиддиеро барои ин тарзи кор дида намешавад. Ин тарзи кор як гуна норозигиро дар байни афроди дигар ба вуҷуд меорад. Ман фикр мекунам, ки ҳизби мо ҳоло-ку ба мақомоти талош барои идораи давлат нарасидааст, вале онҳое, ки расидаанд, байнашон як гуна бадбинӣ ва ихтилофот ба вуҷуд омаданаш мумкин ҳаст."

Аз шарҳи оқои Нурӣ рушан мегардад, ки вуруди тағйирот ба моддаи 65-уми Қонуни Асосӣ роҳро барои чеҳраҳои дигаре, ки қасди расидан ба курсии президентиро доранд, мебандад. Аммо ба назари у, ин бастагӣ дорад ба ҷаҳонбинии мардуми кишвар, ки дар раъйпурсӣ чӣ гуна раъй хоҳанд дод.

Моддаи 28-уми Конститутсия, ки бар асоси пешниҳоди депутатҳо бояд ибораи иҷозаи фаъолияти аҳзоби хусусияти мазҳабӣ, демократӣ ва атестӣ дошта аз он бардошта шавад, то дараҷае хашми Саид Абдуллоҳи Нуриро овардааст.

Оқои Нурӣ аз ин банди Қонуни Асосии Тоҷикистон ҳамчун як банди сулҳсоз ва сулҳовар ном бурда, пешниҳодот ҷиҳати батлон задани ин моддаи Қонуни Асосиро бемаврид номид. Вай гуфт:

"Гуфтам, ки шояд мақсади асосӣ маҳдуд сохтани фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ бошад. Ман бар он ақида ҳастам, ки ин моддаи 28-ум моддаи сулҳ аст, моддаи амният аст, моддае ҳаст, ки аз хзилоли созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба вуҷуд омадааст. ва ин сулҳу оромие, ки имруз дар Тоҷикистон ҳаст, ба хотири ҳамин модда аст. агарчӣ вазъият ҳам ҳоло тавре ки дилхоҳ аст, он миқдор нест, аз он сабаб ман фикр мекунам, ки бояд ин модда то панҷсолаву даҳсолаҳои оянда ҳам ба ҳоли худаш боқӣ бимонад ва ҳеҷ гуна тағйироте дар ин бора ворид нашавад."

Саид Абдуллоҳи Нурӣ гуфт, ин масъалаҳоро бо Владимир сотиров ба ҳайси намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар миён гузоштааст. Ба гуфтаи оқои Нурӣ, оқои Сотиров дар мавриди пайомадҳои нохуше, ки ин пешниҳодот ба бор меоранд, бо раиси ҳизби наҳзати ислом изҳори ҳамраъйӣ кардааст.

Владимир Сотиров дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид намуд, ки бо пешниҳоди тағйирот , аз ҷумла дар мавриди моддаҳои 28, 65 ва 85-и Қонуни Асосии Тоҷикистон аз Саид Абдуллоҳи Нурӣ хабар ёфтааст. Вай афзуд:

" Идораи Созмони Милал дар умури сулҳи Тоҷикситон ҳама чораҳоро хоҳад андешид, ки барои ба дастовардани як ҷомеъаи демократӣ ва қобили қабули ҳамагон мусоидат кунад. Аммо дар мавриди пешниҳодҳо ҳоло чизе гуфтан барвақт аст. Намояндагии Созмони Милал ҷамъи пешниҳодотро омухта, бо нируҳои дигари сиёсии иҷтимоӣ дар ин робита музокирот хоҳад кард ва бо мавқеъу назари ҷомеъаи кишвар ошно шуда, сипас мавқеъи худро баён хоҳад дошт."

Саид Абдуллоҳи Нуӣ низ афзуд, ки пас аз расман аз суи ҳукумат эълом шудани пешниҳодот роҷеъ ба вуруди тағйиру иловаҳо ба матни Қонуни Асосии Тоҷикистон, Ҳизби Наҳзати Ислом низ мавқеъи расмии худро дар қиболи он эълом хоҳад кард.



XS
SM
MD
LG