Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон шаш нафар зери тарма монданд



Мирзои Салимпур



Авохири ҳафтаи гузашта дар Бадахшон бар асари кӯчидани тарма дар ду ҳодисаи ҷудогона 6 нафар ба ҳалокат расид. Дар ҳодисаи аввал мошини ҳомили чаҳор мусофир дар минтақаи Бидурди шоҳроҳи Хоруғ-Ош зери барф монд. Ба гуфтаи навбатдори ситоди вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, ба як нафар муяссар шуд, ки аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бубарад. Ҷасади як нафари дигар то ҳол пайдо нашудаст.

Фоҷиаи дигар дар деҳкадаи Хичихи ноҳияи Рошқалъа ба вуқуъ пайваст ва кӯҳи барф се нафарро кушта ба ҷой гузошт. Ҷасади онҳо низ то ҳол ёфт нашудаст. Корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд.



XS
SM
MD
LG