Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон ба нишасти сармоягузорони хориҷӣ дар кишвар омодагӣ мегирад



Мирзонабии Холиқзод

Ин нишаст бо мусоидати Созмони Милал моҳи апрел баргузор мешавад ва ҳадафаш ҷалби сармояи бештар ба Тоҷикистон аст.

Нуздаҳуми феврал ҷаласаи шашуми гурӯҳҳои кории барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ "СПЕКА" дар пойтахти Тоҷикистон ба кори дурузаи худ шурӯъ кард.

Дар ин нишаст намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе ва сафирони давлатҳои кумаккунанда ва намояндагони кишварҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон ширкат доштанд.

Ғафурҷон Расулов намояндаи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мавриди мавзӯи аслии ин нишаст гуфт:" Имрӯз дар хусуси гузаронидани як конфронси байналмилалӣ дар бораи ҷалби сармоя ба Тоҷикистон, ки 2 то 4-уми апрел дар назар аст, гуфтугу шуд".

Иштирокдорони ин нишаст зикр карданд, ки Тоҷикистон мехоҳад дар роҳи баҳрабардорӣ аз манобеи барқу оби худ аз созмонҳо ва кишварҳои сармоягузор кумак хоҳад.

Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегуяд, дар нишастҳои байналмилалӣ ҳукумати Тоҷикистон таъкид мекунад, ки танҳо дар сурати баҳрабардорӣ аз истгоҳҳои бузурги барқии худ ба монанди нерӯгоҳи Роғун, Сангтӯда ва нерӯгоҳҳои дигар метавонад, барномаҳои ислоҳот ва рушди иқтисоди кишварро ҳамаҷониба татбиқ кунад.

Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, дар соли гузашта танҳо дар нерӯгоҳи Роғун 2,5 миллиард киловатт соат барқ истеҳсол шудааст. Дар нишасти мазбур мушовири минтақавии СПЕКА Петр Цоба таъкид намуд, ки гурӯҳи кории СПЕКА чандин лоиҳаҳоро омода намуд ва дар конфронси байналмилалии қарибулвӯқуъ роҷеъ ба ҷалби сармоя ба Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард.

Вай ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт:" Гурӯҳи корӣ барномаи худро оид ба масоили марзӣ ва барнома дар хусуси захоири обу энергетикаи Тоҷикистонро, ки феълан баррасӣ дорад, дар конфронси байналмилалӣ матраҳ мекунад. Барномаҳои гурӯҳи корӣ бар асоси пешниҳодоти чандҷониба мавриди омӯзиш қарор додааст ва дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд. Ироаи лоиҳаҳо дар конфронси байналмилалӣ на танҳо барои Тоҷикистон ҳамчунин барои кишварҳои ҳамсояи он низ муфид ҳастанд".

Бино ба иттилои вазорати иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир Эрон изҳори омодагӣ намудааст, ки бо 120 миллион доллар нерӯгоҳи Сангтӯдаро ба кор андозад ва дар иваз барои навоҳии вилояти Хуросони худ аз Тоҷикистон барқ гирад. Аммо барои ин бояд Тошканд иҷозати транзити нерӯи барқи Тоҷикистонро таввасути қаламрави худ ба Эрон бидиҳад. Дар ҷараёни ҷаласаи СПЕКА таъкид шуд, ки конфронси байналмилалӣ бояд дар соли 2002 сурат мегирифт, вале ба иллати ноамнӣ дар минтақа дар Тоҷикистон баргузор нашуд. Муовини вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Исроил Маҳмудов, аз намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва сафирони кишварҳои хориҷӣ тақозо намуд, ки дар сӯҳбатҳо бо намояндагони васоити ахбори дохилӣ ва хориҷӣ аз шарҳи ин ки дар ин кишвар гӯё ноамнӣ ва бенизомӣ вуҷуд дорад, худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG