Пайвандҳои дастрасӣ

Дар роҳи Душанбе-Ҷиргатол ба як корвони мошинҳо мавриди ҳамла қарор гирифтааст



Раҳматкарими Давлат

Аммо ин ҳодиса ба авзои сиёсии водии Рашт таъсире нагузоштааст ва феълан амният дар ин масири муҳим ором аст.

Бар асоси гузоришот, ахиран дар роҳи мошингарди Душанбе-Ҷиргатол як корвони мошинҳои ҳомили маводи ниёзи мардум мавриди ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи ношинос қарор гирифтааст. Ва барои чанд соат дар рузи гузашта ҳаракати мошинҳо дар масири мазкур тавқиф шуда буд.

Дар мавриди ин ҳодиса то кунун хабари дақиқе дастрас нашудааст. Аммо Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи мазкур талафот ва ё хисороти қобили мулоҳизае ба дунбол надоштааст ва як ҳайат муташшакил аз ургонҳои низомии Тоҷикистон бо ҳадафи баррассии ин ҳодиса ба минтақаи Рашт фиристода шудааст.

Генерал Қаҳҳоров афзуд, феълан авзоъ таҳти назорати неруҳои интизомӣ мебошад ва ҳаракати мошинҳо дар роҳи Душанбе-Ҷиргатол таъмин аст. Дар ҳамин ҳол ба иттилои манобеи мухталиф дар шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшони Тоҷикистон низ, бархӯрди гурӯҳҳои ҷиноии ба ҳам рақиб мунҷар ба нооромии авзои ин шаҳр шудааст. Аммо генерал Қаҳҳоров гуфт, ин ҳодиса кадом заминаи сиёсӣ ва иҷтимоие надорад ва комилан як мавриди авбошӣ ва падидаи ҷиноӣ аст.



XS
SM
MD
LG