Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти тоҷик аз нигоҳи хонандагонаш



Мирзои Салимпур

Маркази назарсанҷии "Оина" ё худ "Зеркало" дар пайи як таҳқиқоти дусола чеҳраи умумии хонандаи матбуоти тоҷикро тасвир кардааст.





Маркази мустақили назарсанҷии "Оина" ва ё худ "Зеркало" ахиран дар заминаи пурсиши беш аз 1000 нафар дар чаҳор шаҳри бузургтарини Тоҷикистон-- Душанбеву Хуҷанд ва Кулобу Қурғонтеппа таҳқиқотеро анҷом додааст, ки мизони эътибори расонаҳои хабарӣ дар байни хонандагони тоҷик дар зарфи ду соли охирро баррасӣ мекунад.

Таҳқиқот маълум кард, ки 80 дар сади аҳолӣ аз телевизион ва матбуоти маҳаллӣ маълумот пайдо мекунад. 87 дарсади аҳолӣ умдатан ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳонро аз телевизионҳои хориҷӣ мегирад. Ва он ҳам дар ҳоле ки радиоҳои маҳаллиро 33 дар сади аҳолӣ ва радиоҳои хориҷиро ҳамагӣ 7,5 дар сад гуш мекунанд.

Аммо дар мавриди ҳадафҳои аслии баргузории таҳқиқоти ахир Қаҳрамони Бақозода, раҳбари маркази назарсанҷии "Оина" чунин мегуяд:

"Ғояи ин таҳқиқот ду сол пеш пайдо шуд. Вақте ки мо таҳқиқоти пешини худро мегузарондем, чунин натиҷа ба даст расид, ки то 40 фоизи хонандаҳои рузномаҳои шаҳри Душанбе ба онҳо боварӣ надоштанд. Ва мақсади асосии ин таҳқиқот аз он иборат буд, ки мо ҳамин табақаҳои аҳолиро, ки қаноатманд нестанд, маълум кунем. Мо бояд мефаҳмидем, ки онҳо кӣ ҳастанд ва ба рузномаҳои ҳамин табақаҳои аҳолиро нишон диҳем, ки ба ҳамин табақаҳо бо назари дигар нигоҳ карда, мумкин маводи рузномаҳои худро ба ҳаминт табақоти аҳолӣ муносиб гардонанд, ё ки ҳатто рузномаҳои нав ҳам ба чоп расонанд. Яъне ин як таҳқиқоти маркетингӣ буд, гуем ҳам , хато намешавад."

Назарсанҷии маркази "Оина" аз ҷумла маълум кард, ки бино бар эҷоди шароити хубтару озодтар расонаҳои чопӣ дар муқоиса бо васоити электронии пахши иттилоъот дар Тоҷикистон рушди беҳтар пайдо кардаанд.

Таҳқиқот ҳамчунин ҳокист, ки расонаҳои давлатӣ ба мисли "Садои Мардум" ва "Ҷумҳурият" асосан дар идораҳои ҳукуматӣ хонанда доранд, вале дар ҳамаи чор шаҳри марказии ин кишвар хонанда умдатан ба мутолиаи рузномаву маҷаллоти хусусӣ бартарӣ медиҳад.

"Чархи Гардун", "Оила", "Дайҷест-Пресс", "Авиценна" ва "Крим-Инфо" , ки аз ҷумлаи нашароти хусусӣ буда, муҳтавои комилан ғайрисиёсӣ доранд, тибқи назарпурсии маркази "Оина" , аз маҳбубияти зиёдтаре дар байни хонандаи тоҷик бархурдор шудаанд. Назархоҳии маркази "Оина" занони хонинишин ва мардуми бознишаставу бекорро дар ҷумлаи харидорон ва хонандагони аслии ин рузномаҳо ном бурдааст.

Вале ҳафтаномаҳои "Азия Плюс", "Тоҷикистон" ва "Вечерний Душанбе", ки ба баррасии масоили сиёсиву иҷтимоӣ бештар мепардозанд, дар муқоиса бо нашрияҳои сабукбортару таблоидии кишвар маҳбубият ва эътибори хеле камтар касб кардаанд.

Қаҳрамони Бақозода, раҳбари маркази назарсанҷии "Оина" мегуяд, таваҷҷуҳи мардум ҳамчунон бар руи матолиби ғайриҷиддии матбуот барҷой мондааст:

"Муттаассифона, хонандаҳои тоҷик ҳозир умуман ба мавзуъҳои на он қадар ҷиддӣ майл доранд, гуем ҳам, хато намешавад. Лекин дар вақти таҳқиқот табақаҳое ҳам маълум шуданд, ба мисли як қисми интиллегентсияи тоҷик, ки ахборе, ки онҳо аз рузномаҳои тоҷикӣ гирифта наметавонанд, аз рузномаҳои русзабон мегиранд онҳоро. Мо ҳамин табақаҳои аҳолиро нишон додем ва ба умед ҳастем, ки рузномаҳои мо ба назар мегиранд ҳамин қишри аҳолиро. Ва барои ҳамин табақаҳо мумкин як дигаргуние ба амал ояд дар рузномаҳо".

Бино бар назарсанҷии маркази "Оина", тақрибан 60 дар сади хонандагон матбуоти кишварро ба хотири нашри матолиби ишқиву оилавӣ харидорӣ мекунанд. 68 дар сади занон ба мақолоти роҷеъ ба ҳифзи сиҳҳат ва сеяки маҷмуъи хонандагон ба матолиби аз расонаҳои хориҷӣ ҷамъовардаи рузномаҳои Тоҷикистон бартарӣ додаанд.

Ин дар ҳолест, ки танҳо чаҳоряки хонандагон ба ахбори сиёсии Тоҷикистон ва танҳо 22 дар сади онҳо ба инъикоси таҳаввулоти ҷаҳон дар саҳифаҳои матбуоти маҳаллӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Нашри барномаи шабакаҳои телевизионӣ низ барои расонаҳои маҳаллӣ як омили ҷалби хонанда будааст. Аз натоиҷи назархоҳии "Оина" бармеояд, ки тақрибан чаҳоряки хонандагони тоҷик рузномаҳои маҳаллиро танҳо ба хотири барномаҳои телевизионӣ мехаранд.

Ва танҳо 20 дар сади назардиҳандагон матолиби мунташира дар нашрияҳои кишварро дуруст ва воқеъӣ хондаанд. Таҳқиқоти маркази мустақили назарсанҷии "Оина" ё худ "Зеркало" мегуяд, ҳафтае танҳо як маротиба чоп шудани рузномаҳои Тоҷикистон низ аз авомилест, ки инъикоси воқеъии таҳаввулоти Тоҷикистон ва ҷаҳон дар нашароти маҳаллиро ҳамроҳ бо мушкил кардааст.



XS
SM
MD
LG