Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишномаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо давлати Ҳинд



Раҳматкарими Давлат

Рузи панҷшанбе, Тоҷикистону Ҳинд дар мавриди ҳамкориҳои амниятиву минтақавӣ ва таъсиси як корхонаи муштарак ду созишнома имзо карданд.

Вазири хориҷаи Ҳинд Яшвант Сингҳ дар поёни сафараш ба Тоҷикистон бо раисиҷумҳури ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот карда, бо ҳамтои тоҷикаш Талбак Назаров ду қарордодро дар заминаи ҳамкориҳои амниятӣ ва бунёди як корхонаи муштараки саноатӣ ба имзо расонид.

Вазири умури хориҷаи Ҳинд баъд аз анҷоми мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар робита ба аксари масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба ва муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ду кишвар назари яксон доранд. Яшвант Сингҳ мегуяд:

"Мо мушкилоти минтақавӣ, хусусан, масоили вобаста ба Афғонистон ва авзоъи Ироқро мавриди баррасӣ қарор додем. Ман бо хушҳолӣ ба арзи шумо мерасонам, ки ҳар ду ҷониб аз қазияи Афғонистон ва Ироқ бардошти ягона ва дар робита ба ҳалли мушкили пешомада назари яксон доранд."

Аз вазири умури хориҷии Ҳинд пурсидам, ки ҳукумати кишвараш дар робита ба қазияи Ироқ чӣ назари хос дорад? У гуфт, мо ҷонибдори ҳалли қазия аз тариқи мусолимтомез мебошем, вале агар зарурати амалӣ сохтани ҳар навъ иқдом ва ё барномае дар робита ба қазияи Ироқ пеш биояд, он бояд дар чавкоти ҳуқуқи байнулмилалӣ ва аз тариқи раводиди СММ сурат бигирад.

Вазири умури хориҷаи Ҳинд ба дурнамои равобити кишвараш бо Тоҷикистон низ дахл намуд ва гуфт, 30-уми январ, ду қарордодро бо ҷониби Тоҷикистон имзо кардаанд:

"Санади нахустини баимзорасида бунёди як корхонаи коркарди маводи хурокиро дар назар дорад, ки Ҳинд дар сохтмони он ба Тоҷикистон кумак мекунад ва маблағи иҷрои ин барнома бештар аз 1 милён доллари амрикоиро дар бар мегирад. Санади дуввум дар заминаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ростои мубориза бо терроризм ва ҳамкориҳои амниятӣ мебошад."

Яшвант Сингҳ, дар посух ба суоли хабарнигорон роҷеъ ба ҳамкориҳои низомии кишвараш бо Тоҷикистон афзуд, ки Ҳиндустон метавонад дар бозсозии фурудгоҳҳои низомии Тоҷикистон саҳм бигирад.

Оқои Сингҳ гуфт, агарчӣ масъалаи тармими фурудгоҳҳо дар дастури кори музокироти у бо мақомоти Тоҷикистон хосатан қарор надошт, вале дар ин робита табодули назар сурат гирифт ва кишвараш метавонад ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор диҳад.

XS
SM
MD
LG