Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сандуқи Байналмиллалии Пул мегуяд, иқтисоди Тоҷикистон ҳамчунон осебпазир боқӣ мондааст



Тоҳири Сафар

Созмон ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки ислоҳоти иқтисодиро сареътар пеш барад.

Сандуқи Байналмиллалии Пул (АЙ ЭМ ЭФ), ки мушовараҳои иқтисодӣ дар соли 2002-ро бо ҳукумати Тоҷикистон, хотима додааст, мегуяд соли 2001 ва нимаи соли гузашта маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон афзоиши босуръат доштааст. Ҳарчанд мегуяд ин созмони молиявӣ, афзоиши маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби афзудани тавлидоти кишоварзӣ сурат гирифтааст, аммо нишонаҳои дигар низ ҳастанд, ки аз болоравии мунтазами истеҳсолот гувоҳӣ медиҳанд. Дар соли гузашта Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор тонна пахта ва 700 ҳазор тонна ғалладона тавлид карда буд. Ба гуфтаи Шурои директорони Сандуқи байналмилалии пул, ба болоравии сатҳи иқтисод муҳоҷирини меҳнатӣ низ мусоидат кардаанд, ки миқдори муайяни арзро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

Инфляция ва ё тавварум дар соли гузашта, бинобар баҳои созмони Ай Эм Эф муътадил будааст, ҳарчанд таҳҳавулот дар тиҷорати минтақавӣ ба он асари манфӣ низ гузоштааст. Иқтисоддонони АЙ ЭМ ЭФ сиёсати молии ҳукумати Тоҷикистонро дар соли 2002, ноҳамвор арзёбӣ кардаанд. Идораи қарзҳои хориҷӣ ва гузориши нодуруст ба АЙ ЭМ ЭФ-ро ин созмон аз заъифиҳои ҳукумат шумурдааст, вале гуфтааст барои рафъи ин камбудиҳо иқдомҳое амалӣ шудаанд. Бо тақозои ҳукумати Душанбе, бознигарии қарзҳои Тоҷикистон аз ҷониби чанд кишвар аз ҷумлаи ин тадбирҳоянд, ки ҳукумат анҷом додааст.

Ҳарчанд Шурои директорони ин созмони ҷаҳонии молиявӣ аз рушди мунтазами иқтисоди Тоҷикистон дар чанд соли ахир истиқбол кардааст, аммо гуфтааст, ки иқтисоди кишвар ҳамчунон осебпазир мемонад, зеро кишвар содироти маҳдуд дорад ва қарзи берунии зиёд гиребонгири он мебошад. Даромади аҳолӣ низ ҳамчунон ночиз аст ва қобилияти ҳукумат дар пешбурди ислоҳот заъиф мебошад.

Ба гуфтаи АЙ ЭМ ЭФ, барномаи нави ислоҳоти сесолаи ҳукумат, ки таввасути ин созмон низ сармоягузорӣ мешавад, метавонад дар ислоҳи ин вазъ мусоидат кунад, аммо ин ба қобилияти ҳукумат вобаста аст, ки то чӣ андоза метавонад онро амалӣ кунад. Охири соли равон Сандуқи байналмилалии пул барномаи ихтисоси 87 миллион доллар ба Тоҷикистонро тасдиқ карда буд.

Мансабдорони Сандуқи байналмилалии пул изҳори таассуф кардаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз буҷаи давлатӣ ба соҳаҳои маориф ва беҳдошт маблағи ночиз ихтисос додааст ва тавсия додаанд, ки тақсими маблағҳо бознигарӣ шавад. Тавсияи дигаре, ки Шӯрои мудирон ба Тоҷикистон додааст, гирифтани тадобири иловагӣ барои роҳ надодан ба маблағгузории терорирзм ва шустушуи пул аст.

Шурои мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул гуфтааст, дар соли гузашта, сармоягузории мустақим ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Мақомоти расмии Тоҷикистон инкор намекунанд, ки сармоягузорони хориҷӣ ба қонунҳои мавҷуди феълӣ эътимод надоранд. Бинобар ин Шуро ба ҳукумати Душанбе тавсия додаст, ки барои ҷалби бештари сармоя, фазои сармоягузориро бо ислоҳи қонунҳои марбута беҳтар намояд.

Мансабдорони созмони ҷаҳонии молиявӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки ислоҳоти сохтори идории Тоҷикистон, баъди пешпохурӣ ва калавиданҳо дар соли 2001, соли гузашта беҳтар шудааст. Дар чаҳорчуби ислоҳоти сохтори идории давлатӣ Сандуқи байналмилалии пул ба ҳукумат тавсия додааст, ки маоши ночизи кормандони давлатиро бознигарӣ кунад. Дар доираи ислоҳоти ин бахш, ҳукумати Тоҷикистон охири соли гузашта дастур дод, то шумори коргарони вазоратҳои варамкарда ва камсамарро коҳиш дода шавад.

Мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул аз анҷоми таҳияи Барномаи коҳиши фақр ва тасдиқи он аз ҷониби парлумони Тоҷикистонро истиқбол карда, вале хостори мукаммалсозии он шудаанд.

XS
SM
MD
LG