Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Банки Аврупоӣ ва Ширкати Байналмилалии Молия ба бизнесҳои хурди Осиёи Марказӣ кӯмак мекунанд



Холидаи Қодир

Банки Аврупоӣ ба бизнесҳои хурди минтақа 102 миллион доллар ва Ширкати Байналмилалии Молия 45 миллион доллар тахсис медиҳанд.

Банки Аврупои Бозсохт ва Рушд ва Ширкати Байналамилалии Молия тасмим гирифтаанд, ки ба рушди бизнеси хурд дар Осиёи Марказӣ кӯмак кунанд. Банки Аврупоӣ ба ин мақсад ба бизнесҳои хурди минтақа 102 миллион доллар ва Ширкати Байналмилалии Молия 45 миллион доллар тахсис медиҳанд. Тарҳи мазкур бо кӯмаки фаннии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Япония ва Швейсария татбиқ мешавад.

Дар марҳилаи аввал ин маблағ ба чаҳор барномаи амалкунандаи Осиёи марказӣ -- барномаи Бизнесҳои хурди Қазоқистон, Қирғизистон, Барномаи муштараки Японияву Ӯзбакистон ва ба Созмони Молии Бизнесҳои хурди Тоҷикистон пул медиҳад. Дар баёнияи матбуотии Банки Аврупоии Бозсохт ва Рушд омадааст, ки Созмони Молии Бизнесҳои хурди Тоҷикистон ба зудӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Банки Аврупоӣ ва Ширкати Байналмилалии Молия барои интиқоли пул ба бизнесҳои хусусӣ чанд банки маҳаллиро интихоб карданд. Маблағи муайяншуда тавассути банкҳо ба бизнесҳои хурд ба ҳайси қарз дода мешавад. Мудири барномаи бизнесҳои хурд дар Банки Аврупоии Бозсохт ва Рушд Элизабет Волис изҳор намуд, ки таҷрибаи бизнесҳои хурд барои рушди иқтисоди Осиёи Марказӣ муҳим аст. Аз ҷониби дигар ҳамкорӣ бо Ширкати Байналмилалии Молия барои пешрафти сохтори банкдории минтақа мусоидат мекунад. Мудири минтақавии ин ширкат барои кишварҳои ҷануби Аврупо ва Осиёи Марказӣ Хусрав Замонӣ мегӯяд: ин барнома ба бизнесҳои хурди Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки аз қарзҳои мувофиқ ва хадамоти дигари банкҳои маҳаллӣ бархурдор шаванд.

То кунун Банки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ба беш аз 40 ҳазор ширкатҳои хурди Осиёи Марказӣ беш аз 250 миллион доллар тахсис додааст. Банки Аврупоӣ ва Ширкати Байналмилалии Молия ба таври муштарак ҳар як моҳ ба ҳудуди дуву ним ҳазор бизнесҳои хурди Осиёи Марказӣ ба маблағи 12 миллион доллар кӯмак мекунанд.

Банки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ҳадаф дорад, ки ба кишварҳои собиқ сотсиалистӣ барои гузариш аз барномарезии марказии иқтисод ба бозори озод ҳамкорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG