Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё қонунҳои оид ба матбуоти Тоҷикистон ниёз ба таҳриру тағйирот доранд?



Раҳматкарими Давлат



Бо ҳадафи таҳияи пешниҳодот ва ҷиҳати такмили қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти расонаҳои гуруҳиро танзим мекунанд, дар шаҳри Душанбе, рӯзи душанбе, 16 декабр, конфронси минтақавӣ бо ширкати намояндагони васоити ахбор, коршиносон ва ҳуқуқдонҳо ва инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Ба гуфтаи Иброҳим Усмонов- мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон - дар ин кишвар ҳашт қонун дар заминаи танзими фаъолияти васоити ахбор амал мекунад. Иброҳим Усмонов дар айни ҳол мегуяд, қонунҳои амалкунанда дар Тоҷикистон аз ҷумла қонуни матбуоти ин кишвар, ки чанде пеш ислоҳ гардид, ҷавобгӯи вазъи ҷомеа мебошад ва зарурати зиёде ба ислоҳ намудани он вуҷуд надорад:"Қонунҳои матбуоти кишварҳои Осиёи Миёна, дар охирҳои соли 1980-ум тайёр ва қабул шуданд. Дар он замоне, ки ҳукумати марказонидашудаи пурқувват дар ҳеҷ аз ин кишварҳо вуҷуд надошт. Дар ин ҳолат чизи бисёр демократӣ ба вуҷуд овардан мумкин, чунки вай соҳиби алоҳида надорад. Аз ин зиёд таҳмили демократӣ дар ҳоле ки ин ҷомеаҳо ташаккул наёфтаанд, бар зарари онҳо меанҷомад. Аз ҳамин нуқтаи назар ба андешаи ман, ба қонунгузорӣ дар Тоҷикистон нигоҳ кардан зарур аст." Аммо Марк Жилбер - раиси дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон - мегӯяд, бо мусоидати ин созмон ва як гуруҳи коршиносон, тарҳи нави қонуни матбуотро таҳия ва баррасии коршиносони хориҷӣ вогузор намудаанд. Оғои Жилбер роҷеъ ба вазъи кунунии расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон мегӯяд:" Ман хушбин ҳастам. Агар ба ҷараёни таҳҳавулот назар андозем, метавон гуфт, ки вазъ мусбат аст ва ба тадриҷ беҳтар мешавад. Вале ин бад-он маъно нест, ки ман сад дар сад розӣ ҳастам. Ман умедворам, ки парлумони Тоҷикистон, пешниҳодотеро, ки дар ин конфронс бо иштироки вакилон ва мушовири раисиҷумҳур дар умури васоили ахбори умум таҳия шудаанд, баррасӣ менамояд." Аммо Хуршед Сафаров мудири Телевизиони Қурғонтеппа мегуяд, вазъи озодии матбуот дар минтақаҳо, хусусан дар Қурғонтеппа беҳбуд мехоҳад. У мегуяд, ҳукуматҳои маҳҳалӣ ба кори расонаҳои хабарӣ халал мерасонанд. Хуршед Сафаров меафзояд:"Дар шаҳри Қурғонтеппа як сухтори бисёр калон ба амал омад, дар он ҷо чаҳор тифл бо тамоми ҷиҳози хона сухтанд. Мо хостем ин фоҷиаро наворбардорӣ кунем, аммо дар он ҷо шахсони масъул моро нагузоштанд, ки ин манзараро сабт намоем. Мутаасифона мо натавонистем, ин ҳодисаро ба мардум ба расонем. Вақте мо назди раёсати тандурустии вилоят рафтем, раҳбарони он гуфтанд, ки супориши раиси вилоят аст, шумо ҳуқуқи ба бемористон ворид шуданро надоред. Мо фақат мехостем, маълумот ба даст биёрем ва онро дастраси мардум гардонем, вале раҳбарон ҳамеша садди роҳ мешаванд." Конфронси вобаста ба вазъи қонунгузории Тоҷикистон дар заминаи расонаҳои хабарӣ ва иҷрои қонунҳои ҷорӣ, ки бо ташшабуси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Асосиатсияи расонаҳои мустақили хабарӣ баргузор мешавад, рузи сешанбе низ ба кори худ идома медиҳад.



XS
SM
MD
LG