Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МАГАТЭ ба Тоҷикистон кумак мекунад



Нурмуҳаммади Холзода





То поёни соли ҷорӣ Оҷонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ (МАГАТЭ), ба маблағи 100 ҳазор доллар ба Тоҷикистон таҷҳизоти таъйини мизони ташаъшуъ ё радиатсия медиҳад. Ин таҷҳизот аслан дар ихтиёри вазоратҳои умури изтирорӣ ва беҳдошт гузошта мешавад. Вазорати энержии Амрико низ дар чаҳорчуби ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба дар соли 2003, барои коҳиши мизони ташаъшуъ ба Тоҷикистон кумакҳои билоиваз мекунад.

Тибқи хабари дигар, давлати Япония барои ташкили як маркази такмили ихтисос, 50-ҳазор доллар дар ихтиёри Тоҷикистон гузошт. Дар ин марказ кормандони давлатӣ ва омузгорон омузиш мебинанд. Намояндаи сафоратхонаи Ҷопон, рузи ҷумъа дар маросими ифтитоҳи ин марказ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки маркази мазкур бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, бо компютер муҷаҳҳаз аст ва соле дар он як ҳазору панҷсад нафар омузиш мебинанд.

XS
SM
MD
LG