Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидамир Зуҳуров:"Шароити кунунии Тоҷикистон иҷозаи лағви ҳукми қатлро намедиҳад"



Раҳматкарими Давлат



Саидамир Зуҳуров муовини сарвазир ва раиси Комиссияи ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфт, кишвараш дар ҳоли ҳозир омода нест, ҳукми эъдомро лағв намояд. Муовини сарвазири Тоҷикистон, ки зимни ҷаласае бо ширкати намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва сафирони кишварҳои хориҷӣ ба муносибати рӯзи Эъломияи ҳуқуқи башар суҳбат мекард, афзуд, агарчанд усулан даст кашидан аз муҷозоти қатлро ҷонибдор аст, аммо шароити имрузи ҷомеа ин имконро намедиҳад, ки ба якборагӣ аз он даст кашид. Оғои Зуҳуров гуфт:"Пурсиши иҷтимоӣ гузаронданд, 70 фисад зиёди мардуми мо муқобили аз Кодекси ҷиноӣ берун кардани ҳукми қатл буд. Аз ҳамин сабаб мо фақат бисёр моддаҳои Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ, ки дар асоси онҳо ба ҷинояткорон ҳукми қатл дода мешавад, бисёр маҳдуд кардем. Шояд ба наздики якчанд чунин моддаи дигарро аз Кодекси ҷиной берун кунем, аммо дар ҳоли ҳозир шароити лағви ҳукми қатл вуҷуд надорад."

Аммо Марк Жилбер раиси дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон, бо он ки бекор намудани низоми раводиди хуруҷӣ, ба ихтиёри вазорати адлия вогузор намудани раёсати зиндонҳо ва иҷозаи фаъолият гирифтани се ширкати радио ва телевизиониро аз дастовардҳои ислоҳоти демократӣ арзёбӣ намуд, гуфт, муҳим аст, агар лағви ҳукми эъдом низ мавриди баҳс қарор гирад. Марк Жилбер дар ҳоле ки ба Саидамир Зуҳуров муроҷиат мекард, гуфт: "Ҷоиз аст агар масъалаи ҳукми эъдомро бо шумо ва афроди дигар баҳс намоем. Ман фикр мекунам, ки ин хеле масъалаи ҷиддӣ аст." Аммо оғои Зуҳуров бидуни он ки ҳарфи мусоҳибашро то поён бишнавад, ба у посух мегуяд: "Ман ба пешниҳоди шумо мувофиқ ҳастам, аммо шароити кунунӣ иҷозаи лағви ҳукми эъдомро намедиҳад."

Раиси Комиссияи ҳуқуқи башари Тоҷикистон қазияи ихроҷи чаҳор тан шаҳрванди Афғонистон аз кишварашро тибқи пурсиши ҳозирин маҷлис тавзеҳ дод ва дар ҳоле ки эҳсосашро фуру намебурд, хитоб ба намояндагони созмонҳои байналмилалӣ гуфт:"Шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз Русия ихроҷ шуданд, аммо кадом созмоне эътироз накард. Онҳо низ ҷузъи башар ҳастанд." Оғои Зуҳуров афзуд:"Ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия, дағалона помол шудани ҳуқуқи инсон аст. Онҳо муҳоҷиронеро берун намуданд, ки шаш моҳ бар ивази кори худ ҳуқуқашонро дарёфт накарда буданд. Акнун мо даъво дорем, ки ҳадди аққал музди меҳнати онҳо пардохта шавад." Ба гуфтаи муовини сарвазири Тоҷикистон бар асоси музокираи мақомоти ду кишвар ҷараёни ихроҷи тоҷикон аз Русия мувақатан қатъ шудааст. Владимир Сотиров раиси Дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон низ, зимни баргузории маросиме ба муносибати Эъломияи ҳуқуқи башар гуфт, Тоҷикистон дар қиёс ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тамоми санадҳои вобаста ба ҳуқуқи башарро ба тасвиб расонидааст ва барномаҳои демократисозии ҷомеаи ин кишвар ба тадриҷ амалӣ мешаванд. Дар ин нишаст ҳамчунин ба бархе мавриди маҳдудияти озодии баён ва матбуот дар Тоҷикистон таъкид шуд.



XS
SM
MD
LG