Пайвандҳои дастрасӣ

Раисҷумҳури Амрико аз фаъолияти Радиои Озодӣ қадрдонӣ кард



Тоҳири Сафар





Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш, дар мулоқот бо гурӯҳе аз ҷавонони кишварҳои узв ва ҳамкори НАТО аз фаъолияти Радиои Озодӣ изҳори қадрдонӣ кард. Вай гуфт: "Ман мехоҳам ба президенти Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ - Томас Дайн - ба хотири омаданаш ба ин маҷлис изҳори миннатдорӣ намоям. Ман мехоҳам, аз ҳамаи он одамоне хубе, ки дар Радиои Озодӣ кор мекунанд, ташшакур кунам. Ман аз фаъолияти шумо қадрдонӣ мекунам. Дуайт Эйзенҳауэр дар бораи Радиои Озодӣ гуфта буд: "Соддатарин ва рӯшантарин масъулияти дунё масъулияти шумост ва он гуфтани ҳақиқат аст". Дар муддати беш аз 50 сол шумо ин вазифаи худро ба хубӣ иҷро кардед". Президент Ҷорҷ Буш барои ширкат дар саммити кишварҳои узви НАТО ба шаҳри Прага пойтахти ҷумҳурии Чех омадааст.





XS
SM
MD
LG