Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таъйину аломатгузории марзи миёни ду кишвар хоҳанд пардохт



Нурмуҳаммади Холзода





Рӯзи сешанбе, 12 ноябр дар мулоқоти нахуствазири Қирғизистон ва сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Бишкек масоили таъйини хутути марзии миёни ин ду кишвар баррасӣ шуд. Ба гуфтаи Маҳмудҷон Собиров-сафири Тоҷикистон, дар авоили моҳи декабр як комиссияи байнидавлатӣ аз Тоҷикистон ба Бишкек меравад ва ба ҷуз аз масоили марзӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро низ баррасӣ мекунад. Аммо 19-уми ноябр Николай Танаев - нахуствазири Қирғизистон аз Боткан-ноҳияи марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон боздид мекунад. Вақтҳои ахир рафту омади шаҳрвандони Қирғизистон тавассути ин минтақаи марзӣ ба душвориҳо ру ба ру шудааст. Имтидоди марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон 630 километрро ташкил медиҳад ва то ҳол дар баъзе манотиқ нуқоти баҳсбарангез мавҷуд аст, ки бояд, мушахасан, ё ба ҷониби Тоҷикистон ва ё ба ҷониби Қирғизистон тааллуқ дошта бошад.





XS
SM
MD
LG