Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА ба иштироки футболбозони тоҷик дар бозиҳои байнулмилал иҷоза дод



Салими Аюбзод

Раиси ФИФА Ҷозеф Блаттер гуфтааст вай ба ин маънӣ ба раиси Федерасюни футболи Тоҷикистон генерал Сӯҳроб Қосимов номаи табрикӣ фиристод ва изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд акнун густариш пайдо хоҳанд кард.

18 октябр ФИФА ё Федерасиюни байнулмилалии футбол дар гузориши матбуотии худ хабар дод, ки манъи ширкати дастаи миллии Тоҷикистонро дар бозиҳои байнулмилал расман беэътибор эълон кард. Раиси ФИФА Ҷозеф Блаттер гуфтааст вай ба ин маънӣ ба раиси Федерасюни футболи Тоҷикистон генерал Сӯҳроб Қосимов номаи табрикӣ фиристод ва изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд акнун густариш пайдо хоҳанд кард. Манъи ширкати футболбозони тоҷик дар бозиҳои байнулмилал бар асари муноқиша пиромуни садорати Федерасиюни футболи Тоҷикистон дар ҳаштуми августи соли равон ҷорӣ шуда, дастаи миллиро аз иштрок дар бозиҳои осиёӣ маҳрум намуда буд.

XS
SM
MD
LG