Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Тоҷикистон парвандаи як гурӯҳи ҷиноиро барои муҳокима ба Додгоҳи олӣ ирсол кард



Тоҳири Сафар



Додситонии Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҷиноии се гумонбар дар куштори кормандони милисаи ноҳияи Кофарниҳони ин кишварро хотима дода, барои муҳокима ба додгоҳи олии кишвар пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе мақомоти интизомӣ ин се нафарро ба куштор, одамрабоӣ ва ғоратгарӣ айбдор мекунанд. Таҳқиқоти пешакӣ муаяйн кардааст, ки гурӯҳи мазкур се корманди идораи умури дохилаи ноҳияи Кофарниҳонро рабуда, баъди азияти зиёд ба қатл расонидаанд. Қонуни Тоҷикистон барои куштор ва одамрабоӣ ҳукми қатл муқаррар мекунад.

XS
SM
MD
LG