Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳтироми қонун ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аз оилаву мактабу куча шуруъ мешавад



Соҷидаи Мирзо

Барномаи Стрит Лов дар Тоҷикистон соли 2001ум ба фаъолият оғоз кард. Фалсафаи барнома ин аст, ки на муаллимону ҳуқуқдонҳои варзида, балки ҷавонон ба ҷавонон дарс мегуянд.



Вақте, ки дасти инсон дар оташ месузад, аввалин чизе, ки барои фуру нишондани сузиш ба хотир меояд, об аст. Аммо чӣ бояд кард вақте, инсон, таҳқир мешавад, мавриди хушунат қарор мегирад ва худро заъифу нотавон дармеёбад? Ба вежа кудакон ва наврасон, ки дили нозук ва ҳануз тавони муқовимат дар баробари зарбаҳои зиндагиро надоранд. Бисёриҳо ақида доранд, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ ва аз байн рафтари эҳтироми қавонину тартибот ҷомеъаи Тоҷикистон ба хушунат ху гирифтаст ва ҳодисаҳои нохуши ҳамчун ҷанҷолҳои хонаводагӣ, фишори муаллимон ба талабҳо, таҳқир дар кучаву бозор никоҳҳои бавақтӣ ва лату куб дар идораҳои пулисро ҳамчун хушунатҳои хурду реза ва маъмулӣ мепазирад. Гуфтугуи ҳабарнигори мо дар кучаҳои Душанбе ба фоидаи ҳамин ақида анҷом шуд. Аксар ҳамсуҳбатҳо Лату куб дар хона ва мактабро роҳи муҳими тарбия арзёбӣ намуданд.

Аммо Созмони ҳуқуқшиносони Амрико, татбиқкунандаи барномаи Стрит Лов ё Низоми Куча дар Тоҷикистон ба ин ақида розӣ нест. Ба гуфтаи ин ташкилот эҳтироми Қонун ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аз оилаву мактабу куча шуруъ мешавад ва роҳро барои тартибу низом ва эҳтироми қонун дар ҷомеъа боз мекунад. Ин барнома соли 1972, ба хотири таъмини ҳуқуқи донишҷуён дар Вашингтон таҳия ва татбиқ шуд ва баъдан ба 30 кишвари ҷаҳон паҳн гардида ба як ҷумбиши муташакил табдил ёфт. Барномаи Стрит Лов дар Тоҷикистон соли 2001ум ба фаъолият оғоз кард. Фалсафаи барнома ин аст, ки на муаллимону ҳуқуқдонҳои варзида, балки ҷавонон ба ҷавонон дарс мегуянд.

Масъули барнома дар Тоҷикистон Лариса Петросян мегуяд татбиқи яке аз бахшҳои он ду соли пеш дар Клиникаи маърифати ҳуқуқӣ дар назди донишгоҳи Славянии Тоҷикистон оғоз ёфт ва баъдан дарси доншҷуёни риштаи ҳуқуқ дар 30 мактаби пойтахти Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Клиникаи маърифати ҳуқуқӣ бо сармоягузории Созмони ҳуқуқшиносони Америка зери назорати муаллимони кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи Славянӣ фаъолият мекунад. Лариса Петросян мегуяд:

"Донишҷуёни ин муассиса масоили ҳуқуқиро дар асоси воқеъаҳои мушаххас баррасӣ мекунанд ва бо барномаи мушаххаси ҳуқуқӣ ба талабаҳои макотиби миёна дарс мегуянд. Дар чунин дарсҳо бачаҳо аз ҳуқуқи худ огоҳ мешаванд. Ва ин дарсҳо дар ҳаёти ҳаррузаи онҳо барои пешгирӣ аз поймолшавии ҳуқуқи онҳо кумак мекунад. Ба бачаҳо фаҳмонида мешавад, оё чӣ бояд кард вақте кудак мавриди хушунати хонаводагӣ қарор мегирад. Оё вақте, ки пулис шуморо дар куча манъ мекунад, чӣ гуна бояд вокуниш намуд ва агар талаба мавриди зуроварии муаллимон қарор бигирад ба кучо бояд муроҷиъат кард. Барномаи Стрит Лов бо лигаи донишҷуёни ришати ҳуқуқ ва Клиникаи Маърифати Ҳуқуқӣ ҳамкории наздик дорад ва талош мекунад, ки домани фаъолияташро ба манотиқи берун аз пойтахт густариш диҳад."

Дар баробари татбиқи барномаи Стрит Лов тавассути Клиникаи маърифати Ҳуқуқӣ, Ташкилоти ҳуқуқшоносони Амрикоӣ бо таъсиси мактабҳои тобистона малакаи донишҷуёни соҳаи ҳуқуқро боло мебарад. Азиз Диноршоев- Донишҷуи курси панҷуми риштаи ҳуқуқ мегуяд, Дар мактаби тобистона у бо сандаҳои муҳими байналмилалӣ ошно шуд, ки дар фаъолияти оняд барояш муфид хоҳанд буд.

Як бахши барномаи Стрит Лов ба масоили гендерӣ бахшида шудааст. Доншҷуёни ришати ҳуқуқ ба бачаҳо мефаҳмонанд, ки занону духтарон узви комилҳуқуқи ҷомеъа мебошанд ва баробари мардҳо ба кору зиндагии сазовор ҳақ доранд. Фотима Шарофова сарвари Клиникаи маърифати ҳуқуқӣ,муаллими калони кафедраи криминалистикаи донишгоҳи Славянӣ мегуяд, дар ҷараёни дарсҳо маълум мешавад, ки бештар духтарони 15 16 сола мавриди фишори хонаводагӣ ва куча қарор мегиранд. Ба гуфтаи у аксар падару модарон духтарони ноболиғи худро иҷборан ба шавҳар медиҳанд ва кору таҳсили онҳоро як амали беҳуда арзёбӣ мекунанд. То ҳол 30 ҳазор талабаи макотиби Душанбе аз дарси донишҷуёни риштаи ҳуқуқ бархурдор шуда дар самти гирифтани маърифати ҳуқуқӣ талош доранд. Аз Фотима Шарофова пурсидам, ки барномаи Стрит Лов дар тули ду соли фаъолият чӣ самараи мушаххас овардаст? У гуфт: "Натиҷаи мушаххас ин аст, ки бачаҳо ба худ итминон пайдо намуданд ва медонанд, ки ҳуқуқи онҳо ҳимоят мешавад. Бачаҳо тағйир меёбанд. Онҳо ба эҳтироми қонун таваҷҷуҳ пайдо мекунанд ва дар роҳи ҳимояи ҳуқуқи худ қотеътар мешаванд. Ва аз ҳама муҳим, бачаҳо медонанд, ки дар сурати хушунату зуроварӣ ба кӣ ва ба куҷо муроҷиъат кунанд."

Фотима Шарофова аз ду адрес номбурд: яке Клиникаи маърифати ҳуқуқӣ, ки дар баробари таълими донишҷуён ба корафтодагон- талабаҳои макотиби миёна, машаварати ройгони ҳуқуқӣ медиҳад ва дуюм Камиссиюни ҳимояи ҳуқуқи бачаҳо дар назди ҳукумати Тоҷикистон, ки мушкилоти кудаконро бо кумаки ниҳодҳои додгоҳӣ ҳал мекунад. Сарварии ин камиссияро ноиби нахуствазири кишвар Нигина Шарофова дар душ дорад. Аз Фотима Шарофова пурсидам, ки оё бачаҳо чӣ гуна аз мавҷудияти ин ду муассиса бохабар мешаванд ва чӣ гуна ба онҳо дастрасӣ пайдо мекунанд. У гуфт, ки эълони муассиса бо адреси он пайваста дар матуботи Тоҷикистон дарҷ мегардад. Тақрибан ҳамаи макотиби пойтахт адреси Клиникаро дар ихтиёр доранд. Дар баробари ин, мегуяд Фотима Шарофова, донишҷуёни Клиника почтаи ба истилоҳ "кабутарон"ро бунёд кардаанд, ки дар он бачаҳо адреси ин ду муассисаро тавассути якдигар паҳн мекунанд.

Гуфта мешавад, ки танҳо дар қаламрави Душанбе беш 35 дар сади кудакон пайваста мавриди хушунат қарор мегиранд ва ба кумаку пуштибонӣ ниёз доранд. Ходимони барномаи Стрит Лов мегуянд бачаҳо умдатан аз ҳамсолон, падару модар, муаллимон ва авбошҳои куча ҷабр мебинанд. Ин созмон барои рафъи маҷбурии мушкилоти кудакону наврасон салоҳият надорад. Аммо машварати равониву ҳуқуқӣ медиҳад ва онҳоро барои дифоъи ҳуқуқҳояшон ҷасур мекунад.

XS
SM
MD
LG