Пайвандҳои дастрасӣ

Сандуқи Байнулмилалии Пул: Рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли оянда ҳамагӣ 2,7 дарсад хоҳад буд



Салими Аюбзод

Дар баробари суръат гирифтани рушди иқтисодии собиқ ҷамоҳири шӯравӣ чанд кишвар ақибмонда номида мешаванд, ки инҳо Беларус, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мебошанд. Болоравии иқтисодӣ дар ин давлатҳо дар соли оянда ҳамагӣ 2,7 то 3 дарсад хоҳад буд.



Дар гузориши солонаи Сандуқи байнулмилалии пул ояндаи наздики иқтисодиёти ҷаҳон бо хушбинии эҳтиёткорона пешгӯйӣ мешавад. Дар маросими муаррифии гузориши нав сариқтисодчии Сандуқи байнулмилалии Пул Кеннетс Рогоф гуфт, дар ин ибора зада рӯйи каилмаи "эҳтиёткрона" меафтад, на "хушбинӣ". Ба қавли муаллифони гузориш рушди иқтисодиёти ҷаҳон дар соли равон 2,8 дарсад ва дар соли оянда 3,7 дарсадро ташкил хоҳад дод. Бахши асосии ин пешрафт ба Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дуруст меояд. Дар Ҷопон имсол пастравӣ ба андозаи ним дарсад ва соли оянда болоравӣ дар ҳаҷми як дарсад пешбинӣ мешавад. На танҳо барои муштариёни гузориш, балки барои муаллифони он низ ҷолиб буд, ки аввалин бор дигаргуние дар иқтисодиёти кившарҳои шӯравии собиқ ба мушоҳида мерасад. Чунончи рушди иқтисодиёти Русия дар соли оянда наздики панҷ дарсадро ташкил хоҳад дод. Аммо пешрафти чашмгир дар иқтисодиёти Қазоқистон ва Озарбойҷон ба амал хоҳад омад. Ин давлатҳо, ки аз сарвати ҳангуфти нафт бархӯрдоранд, дар соли 2003-юм то 7 ва ҳафту ним дарсад рушд хоҳанд кард. Дар баробари суръат гирифтани рушди иқтисодии собиқ ҷамоҳири шӯравӣ чанд кишвар ақибмонда номида мешаванд, ки инҳо Беларус, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мебошанд. Болоравии иқтисодӣ дар ин давлатҳо дар соли оянда ҳамагӣ 2,7 то 3 дарсад хоҳад буд. Аммо аз миёни онҳо Гурҷистон имкониятҳои беҳтар дорад, зеро бо шӯрӯъи интиқоли нафти Хазар мумкин аст, даромади нохолиси миллӣ дар ин кишвар то чаҳор дарсад зиёд шавад. Молдова ва Украина дар ҳоли ҳифзи эътидоли сиёсӣ ба 4,8 то 5 дарсади пешрафт нойил хоҳанд гашт. Дар гузориши солонаи Сандуқи байнулмилалии пул роҷеъ ба Туркманистон чизе гуфта намешавад, зеро ададу арқоми иқтисодӣ аз ин кишвар дастраси пажӯҳишгарони ниҳодиҳои байнулмилалӣ нашудааст. Айни хулоса нисбати Ироқ низ оварда шуда, барои Чин то ҳафту ним ва Ҳиндустон то 6 дарсади рушд пешгӯӣ мешавад. Вале, Кеннетс Рогоф, сариқтисодчии Сандуқи байнулмилалии пул мегӯяд, дар ҳоли амалиёти ҷангӣ дар Ироқ аксари ин нишондиҳандаҳо метавонанд тағйир кунанд. Ба ақидаи вай беҳтарин шаройит барои иқтисодиёти ҷаҳонӣ сулҳу оромӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG