Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки осиёии рушд барои рафъи оқибати офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон 5 миллион доллар қарз ҷудо кард



Тоҳири Сафар





Бонки Осиёии рушд барои рафъи хатаре, ки ба нерӯгоҳи обии Бойғозӣ таҳдид мекунад, 5 миллион доллари амрикоӣ қарзи дарозмуддат ҷудо кард. Моҳи марти соли равон дар пайи як зилзила миқдори зиёди хоку санг ба дарёи Вахш фурӯ рехта, хавфи зери об кардани генераторҳои нерӯгоҳи мазкурро ба вуҷуд овард. Ҳарчанд дар он замон вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи кишвар маҷрои дарёро кушода хатарро аз байн бурд, вале то ҳол имкони дубора пеши дарёро банд кардани хоку санг аз байн нарафтааст. Маблағи ҷудокардаи Бонки осиёии рушд маҳз барои рафъи ин хатар масраф хоҳад шуд. Нерӯгоҳи Бойғозӣ дар 100 километрии ҷануби Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

XS
SM
MD
LG