Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як сарбози рус кушта шуд



Саиди Сабоҳ



Марзбонони рус хабар доданд, ки дар бархӯрдҳо байни қувваҳои сарҳадӣ ва афроди мусаллаҳ дар имтитоди сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон як марзбони Русия ҳалок ва як нафари дигар захмӣ шуданд. Тибқи хабари маркази матбуоти марзбонии Русия афроди мусаллаҳ қочоқ барони маводи мухадди буданд, ки мехостанд аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон дохил шаванд. Ба гуфтаи маркази марзбонӣ афроди мусаллаҳ фирор карданд ва ду килограмм ҳероин ва дигар маводи мухаддирро баҷо гузоштанд.

XS
SM
MD
LG