Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии калисоҳои насронии Чкаловск аз фишори додситонии ин шаҳр



Салими Аюбзод

Намояндагони ду калисои насронии шаҳри Чкаловски Тоҷикистон аз он шикоят кардаанд, ки мақомоти интизомии шаҳр ба онҳо роҳ намедиҳанд, маросимҳои мазҳабии худро дар хонаҳои шахсӣ баргузор кунанд. Ба гуфтаи онҳо додситонии шаҳр гуфтааст, дар хонаҳои шахсӣ дойир намудани чунин маросимҳо манъ мебошад.

Рӯҳонии калисои евангелии шаҳри Чкаловск Асия Шумаркова ба гузоришгари Пажӯҳишгоҳ Кестон гуфтааст, мақомоти шаҳр ба калисои мазкур биноеро пешниҳод карданд, ки баргузор кардани маросимҳои динӣ дар он ғайримумкин мебошад. Биноан калисо дар ҷои дигар манзилеро иҷора гирифта, дар он заруриёти динии аҳли калисоро бароварда месозад. Сарони калисои протестантии кореягиҳо бо номи Калисои Филаделфия низ шикоят кардаанд, ки бинои барои онҳо муқарраршуда, қобили истифода нест. Аз ин рӯ онҳо бо сармояи худ, дар ҳавлии мобайни хонаҳои истиқоматӣ як бино сохтанд, ки ин боиси норозигии мақомоти интизомӣ шудааст. Гузоришгари Пажӯҳишгоҳи Кестон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Игор Ротар мегӯяд, қонуни дин дар Тоҷикистон баргузории маросимҳои диниро дар манзилҳои хусусӣ манъ намекунад, вале барои кормандони додситонӣ ин чиз як ҳарфи наве буд, ки аз мо шуниданд. "Факт ин аст, ки, мегӯяд Ротар, онҳо ин қонунро дар даст надоштанд ва мо ҳамроҳи намояндаи калисои протестантӣ ин қонунро ба онҳо нишон додем. Дар ҷавоб гуфтанд, ки дар мо тундравии исломӣ дар ҳоли рушд аст ва аз он чашм пӯшида наметавонем ва биноан бояд ба насрониҳо низ вокуниш нишон диҳем. Яъне онҳо инро на аз рӯйи дастури қонун, балки аз рӯйи мафҳумҳои дигаре баррасӣ мекунанд." Додситони асосии шаҳр Абдуғаффор Ниёзбадалов ба гузоришгари Пажӯҳишгоҳи Кестон гуфтааст, танҳо дар Чкаловск, дар ду соли охир 13 узви Ҳизбуттаҳрир ба ҳабс гирифта шуд, се шаҳрванди Исфара дар миёни маҳбусони Гуантанамо қарор доштаанд, зиёда аз 30 мулло дар хонаҳои худ маросимҳои динӣ баргузор мекардаанд. Вақте ки мо бар зидди чунин падидаҳо мубориза мекунем, мусулмонҳо дилсард мешаванд, ки чаро нисбати насрониҳо чорае дида намешавад. Игор Ротар, пажӯҳишгари Кестон мегӯяд, ба сурати куллӣ муносибати мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ба ниҳодҳои динии гуногун назар ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нармтар аст, вале дар се моҳи охир як раванди шиддат гирифтани ин бархӯрд ба мушоҳида мерасад. Хулосаи ҷаноби Ротар ин аст, ки мақомоти интизомии шаҳри Чкаловск бархилофи қонуни дини Тоҷикистон, бо баҳонаи ин ки дар хонаҳои хусусӣ баргузор кардани маросимҳои динӣ манъ аст, ба мусулмонон фишор меоранд. Ва бар асари норозигии мусулмонон, акнун маҷбуранд ба насрониҳои евангелисту протестант низ фишор оваранд. Яъне гӯё ки ба хотири баробарӣ. Дар посух ба саволи ин ки асли матлаб чист, намояндаи Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ба мо гуфт, агар ин маросимҳо дар хонаи истиқоматие баргузор мешаванд, ки ҳамчун мақари ин ё он гурӯҳи мазҳабӣ расман ба иҷора гирифта шудааст, чизе ин ҷо хилофи қонун нест. Пас маълум мешавад, ки додситонии шаҳри Чкаловск дар мавқеъгирии худ нисбати калисоҳо тибқи қонун рафтор мекунад, зеро ҳам калисои евангелистӣ ва ҳам протестантии кореягиҳо дар маҳалҳое маросим баргузор мекунанд, ки расман барои чунин маросимҳо иҷора гирифта нашудаанд. Сарони ин ду калисо иқрор мекунанд, ки биноҳои расмии онҳо ғайри қобили истифода мебошанд. Пас ягона мушкил иваз кардани адресҳои расмии онҳост. Муқим Нуралиев, додситони шаҳри Чкаловск мегӯяд, тибқи қонун, маросимҳо бояд дар ҷое баргузор гарданд, ки ин ё он ҷамоаи динӣ онҳоро ҳамчун мақари доимии худ сабти ном карда бошад. Ислом Вақосов, раиси Бунёди мустақили ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд ба гузоришгари Кестон гуфтааст, дуруст аст, ки қонуни дин баргузории маросимҳоро дар хонаҳои хусусӣ манъ намекунад. Вале кодекси иқоматии Тоҷикистон, ки ду сол пеш қабул шудааст, талаб мекунад, ки манзилҳои истиқоматӣ бояд танҳо бо мақсади зиндагӣ дар онҳо истифода шаванд. Вай иқрор мекунад, ки ин кодекси бар зидди тарабхонаву фурушгоҳ шудани табақаи аввали биноҳои истиқоматӣ пайдо шудааст, зеро аҳолӣ аз афзойиши сарусадо дар маҳалли истиқомат шикоят карда буд. Гузоришгари Пажӯҳишгоҳи Кестон Игор Ротар тасдиқ мекунад, ки чунин қонун вуҷуд дорад, ҳарчанд на барои ташдиди назорат ба диндорон қабул шудааст. Игор Ротар мегӯяд, ончи дар ин баҳс номуайян боқӣ мемонад ин аст, ки аз ду қонун кадоме бояд бартарӣ дошта бошад: Қонуни дин ва ё кодекси иқомат. Ба ҳар ҳол мегӯяд ӯ, ихтилоф дар байни ду санади муҳим вуҷуд дорад ва ҳолати баҳснокро ба миён овардааст.

XS
SM
MD
LG