Пайвандҳои дастрасӣ

Мавҷудияти ҳукми қатл дар Тоҷикистон ҳамчунон мӯҷиби нигаронии Созмони авфи байналмилал боқӣ мемонад



Тоҳир Сафаров

Созмон мегӯяд тайи шаш моҳ дар Тоҷикистон 29 нафар маҳкум ба эъдом шудаанд.

Мавҷудияти ҳукми қатл дар Тоҷикистон ҳамчунон манбаъи нигаронкунандаи Созмони мустақили авфи байналмилал ё "Амнести интернешнл", ки дар Лондон марказ дорад, боқӣ мемонад. Созмон мегӯяд тайи шаш моҳ дар Тоҷикистон 29 нафар маҳкум ба эъдом шудаанд, аммо ин рақам вазъи воқеиро инъикос намекунад, зеро ҳукумат иттилоъ дар бораи ҳукми қатлро сирри давлатӣ меномад ва ахбори дақиқ дастраси ҷомеа нест. Моҳи апрел ҳукумат, ҷиҳати риояи иҷрои тааҳудоти байналмилалии худ, Комиссияи назорат бар ҳуқуқи шаҳрвандонро таъсис дод. Таъсиси комиссия аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ истиқбол ёфт, вале ҳамзамон бо нигарониҳои ин созмонҳо аз қатли сокини Хуҷанд Саидов Ғайбуллоҷон, ки шикояти ӯ дар Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милал дар баррасӣ буд, рӯ ба рӯ шуд. Аммо Созмони авфи байналмилал ҳамчунин аз адами иттилоъ роҷеъ ба сарнавишти бародарон Назриевҳо, ки дар сӯиқасд ба ҷони раиси Маҷлиси Милли Маҳмадсаид Убайдуллоев мутаҳҳам мешуданд, нигарон аст. Дар баёнияи созмон омадааст, дар ҳоле ки шикоятҳои марбути қазияи бародарон дар кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милал дар ҳоли баррасист, иттилоъи дақиқ оид ба ин ки ҳукми Назриевҳо ба иҷро расидааст, ё не вуҷуд надорад. Наздикони маҳкумон гуфтаанд, ки баъди эъломи ҳукм бародарон Назриевҳо ба вилояти Хатлон, ки макони иҷрои ҳукми эъдом маҳсуб мешавад, интиқол дода шудаанд ва аз он рӯз сарнавишташон номаълум аст. Дар изҳороти авфи байналмилал ҳамчунин омадааст, ин созмон аз маҳбасӣ шудани собиқ рақибони ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони мухолифини пешин нигарон аст. Созмон мегӯяд ҳукумат бар рағми ӯҳдадориҳои байналмилалиаш онҳоро бо баҳонаҳои гуногун ба солҳои тӯлонии ҳабс ва эъдом маҳкум мекунад. Шиканҷаи боздоштшудагон дар маҳбасҳо низ мӯҷиби нигаронии шадиди Афви байналмилал шудааст. Ин созмон мегӯяд иттилои зиёде дар даст дорад, ки маҳбусон ё мутаҳамон дар боздоштгоҳҳо таввасути маъмурони маҳбас шиканҷа мешаванд. Дар шаҳри Душанбе, омадааст дар гузориши муасисаи нозири ҳуқуқи башар, боздоштшудагон дар идораи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташакилонаи вазорати умури дохила сахт шиканҷа мешаванд. Барои ба даст овардани тасдиқи гуноҳ, кормандони милиса гумонбаршудаҳоро ба нерӯи барқ мемонанд, бо асбобҳои оҳанин мекӯбанд ва нохунҳои онҳоро мекананд. Аммо ин ҳодисаҳо тақрибан таҳқиқ намешаванд, зеро маҳбас дар ихтиёри онҳоест, ки ин ҳодисаҳоро таҳқиқ мекунанд. Ба гуфтаи Созмони авфи байналмилал Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои маҳбусон ва гумонбаршудагон ҳуқуқи ночиз пешбинӣ мекунад. Барои ислоҳи ин вазъ ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳи корӣ барои ворид кардани тағйирот ба ин кодекс таъсис дод, вале ин гурӯҳ зарфи шаш ҳеҷ пешниҳоде ироа накардааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин гуфт барномаи аз кодекси ҷиноӣ аз 15 то 5 адад кам кардани номгӯи ҷиноятҳои вазнинеро, ки ҷазои ҳукми қатлро дорад, баррасӣ мекунад.



XS
SM
MD
LG