Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби сомонӣ нисбати доллари амрикойӣ коҳиш ёфт



Хиромони Бақозода



Дар тули ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон пойинравии қурби пули миллӣ - сомонӣ нисбати доллари амрикойӣ мушоҳида шудааст. Қурби расмии доллар дар бонки миллии кишвар баробар ба 2 сомониву 84 дирам буд, дар нуқтаҳои табдили арз бошад, нархи як доллари амрикойӣ 3 сомониву 16 дирамро ташкил медод. Гуфта мешавад, коҳиши захойири асъор дар кишвар ва пойинравии нархи маҳсулоти аслии содиротӣ аз Тоҷикистон - алюминиум, пахта ва тилло - дар бозори ҷаҳонӣ ва бефаъолиятии бахши аъзами корхонаҳои дохилӣ боиси сар задани чунин вазъ шудааст.

XS
SM
MD
LG