Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китоби Салими Аюбзод "Сад Ранги Сад Сол: Тоҷикон Дар Қарни Бистум" дар шаҳри Прага пойтахти ҷумҳурии Чех аз чоп баромад.



Мирзои Салимпур

Ин асар яке аз кӯшишҳои ибтидоист ба бознигарӣ ва бозҷӯйиҳо дар таърихи зиёда аз сад соли тоҷикон - аз давраи истилои Русия то истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

Соли 1999 бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ силсилагуфтореро бо номи "Сад Ранги Сад Сол -- Тоҷикон Дар Қарни Бистум" дар сӣ бахш тақдими шунавандагон карда буд. Ин силсилагуфтор бо истифода аз маъхазҳои нодири таърихӣ, ҷамъи назари олимони шинохта ва сӯҳбати шоҳидони айнӣ ба хеле аз ногуфтаҳову нимгуфтаҳои таърихи беш аз 100-солаи мардуми тоҷик рӯшанӣ афканд. Билохира, матолиби силсилагуфтори "Сад Ранги Сад Сол" дар шакли китоби алоҳида ва бо теъдоди 3000 нусха дар интишороти Пост Скриптум Имприматури шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех ба чоп расид. Дар китоб бар иловаи матолиби гуфторҳои родиёӣ аксҳову суратҳои нодири таърихӣ, таҳаввулоти даҳ соли охири асри бистум ва солномаи муҳимтарин ҳодисаҳои асри гузашта дар зиндагии халқи тоҷик бо забони инглисӣ изофа шудаанд. Аббоси Ҷаводӣ мудири бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ зарурати ба миён омадани ин лоиҳа ва фарқи он аз бозтоби қаблии таърихи гузаштаи мардуми тоҷик дар таърихшиносии суннатии шӯравиро чунин шарҳ дод: "Мо дар соли 1999, яъне дар охирин соли қарни бистум, ба ин натиҷа расидем, ки як нигоҳе дошта бошем ба таърихи сад соли Тоҷикистон дар қарни бистум, як хулосае бидиҳем аз ҳодисаҳои муҳимтарини чӣ сиёсӣ, чӣ иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Тоҷикистон иттифоқ уфтодаанд. Махсусан, бо дарназардошти ин ки таърихнависии Тоҷикистон, мутаассифона, дар тӯли 70 сол якранг буд, таблиғотӣ буд, советӣ буд, бар пояи идеологӣ буд, мо ният доштем ва фикр мекунам, то ҳадди зиёде ҳам муваффақ шудем, ки на якранг, балки тавре ки сарлавҳаи ин серия ҳам нишон медиҳад, сад ранги сад солро нишон бидиҳем, муаррифӣ кунем ба шунавандагон, яъне аз тамоми зовияҳои таърихӣ ва ба таври объективӣ таърихи Тоҷикистонро дар ин сад сол хулоса кунем ва ба таври фаҳмо ва на академикиву на ғайрифаҳмову илмӣ, балки ба таври фаҳмо, родиёӣ ба шунавандагон тақдим кунем. Ҳамкори мо Салими Айюбзод, масъули таҳияи ҳамаи сӣ бахши ин силсила ва муаллифи китоби Сад Ранги Сад Сол--Тоҷикон Дар Қарни Бистум, мегӯяд, ӯ бо иттифоқи ҳамкорони дигараш дар ин лоиҳа инъикоси холисона ва воқеъии таърихи нави мардуми тоҷик ва Тоҷикистонро ба ҳадаф доштааст: "Агар кӯмаки ҳамаи ҳамкорони бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ -- чӣ дар ин ҷо ва чӣ дар Тоҷикистон, дар шаҳру рустои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи он намебуд, ин барнома ва ин китоб шояд ба дунё намеомад. Ба хотири ин ки маҳз хидмати онҳо буд, ки бисёре аз шоҳидони воқеаҳоро пайдо карданд. Масалан, дар шаҳри Тошканд духтари табиби амири Бухоро пайдо шуд, ки сӯҳбати хеле хуб дод. Ва дар Тоҷикистон бозмондаҳои афроди маъруфи сиёсиву иҷтимоӣ низ дар ин барнома ширкат карданд ва ҳамчунин, таърихшиносону донишмандони тоҷик, ки ба барнома рангу таровати тоза бахшиданд. Ва қисмати дигари кор дар бойгониҳо ва архивҳои Русия сурат гирифт ва ҳамчунин аз тариқи Интернет дар захираҳои китобхонаи Конгресси Ийолоти Муттаҳида. Куллан як кӯшиши аслӣ ин буд, ки назари таҳлилгарони ғарбӣ низ дар ин китоб зиёдтар ҷо дода шавад. Он чӣ ки шунавандаи мо, хонандаи мо солҳо аз он бенасиб буд: Истилои Осиёи Марказӣ аз сӯи Русияи подшоҳӣ, Зуҳуру ғуруби ҳаракати маъорифпарварӣ ва наҳзати ҷадидон дар аморати Бухоро, Инқилоби ба истилоҳ сурхи Бухоро ва суқути аморат, Таъсиси давлати мухтори Тоҷикистон, Тағйири алифбо ва эҷоди низоми колхозӣ дар кишвар, Рӯзгори мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон, баъди ҷанг ва дар роҳи сохтмони сусиёлизм Даврони Бозсозӣ, Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Истиқлолияти кишварҳои шӯравии собиқ, Муқовимати байни ду майдони Озодиву Шаҳидон, Ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон танҳо чанд мавзӯъи ин китоб. Ва чеҳраҳое ба мисли Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҳим Масов, Юсуфи Яъқубӣ, Мансур Бобохонов, Акбари Турсонзод, Мавҷуда Улҷабоева, Эраҷи Баширӣ ва Расули Ҳодизодаву Софя Ҳакимова танҳо чанд соҳибназареянд, ки дар саҳифаҳои китоби "Сад Ранги Сад Сол-- Тоҷикон Дар Қарни Бистум" аз роҳи тайкардаи миллат ва давлати тоҷик дар тӯли асри гузашта барои мову шумо сӯҳбат мекунанд. Профессор Эраҷи Баширӣ, устоди Донишгоҳи Минессотаи Ийолоти Муттаҳидаи Амрико зимнан таҳрири китоби "Сад Ранги Сад Сол" - ро низ ба ӯҳда дошт. Аз устод Эраҷи Баширӣ пурсидам, ки оё Сад Ранги Сад сол то куҷо тавонистааст дар роҳи иҷрои ҳадафи аслиаш, ки тавре аз номаш бармеояд инъикоси таърихи тоҷикон дар асри бистум буд, муваффақ шудааст. Ӯ гуфт: "Ин китоб, ба таври куллӣ, ба назари ман, як оинае ҳаст аз қарни бистум дар он ноҳия ва ба хусус, дар Тоҷикистон. Ба назари ман, бино бар ин, ин китоб барои муддати зиёде мавриди истифодаи бисёре аз мардум хоҳад буд. Мо саъй кардем, то он ҷое ки мумкин ҳаст, тамоми вақоеъро он тавр ки дар хориҷ аз шӯравии собиқ қабул мешуд, биоварем. Бино бар ин, ҳам таърихи аслӣ дар он ҷо ҳаст, тавре ки иттифоқ уфтода, ва ҳам тавзеҳу таҳлиле ҳаст, ки аз хориҷ ба он изофа шудааст. Дар ҳақиқат, касе, ки бо ин китоб кор мекунад, ҳам авзоъи шӯравии собиқро дар он ҷо мебинад ва ҳам мебинад, ки чаро баъзе аз корҳое, ки дар он ҷо анҷом шуд ва дар борааш сӯҳбат намешуд, анҷом шуда ва натиҷаи он чӣ буда?" Масъули таҳияи ин силсила Салими Аюбзод мегӯяд, Сад Ранги Сад Сол қазоват ва ё тафсири ниҳоии таърихи асри гузашта нест, балки бештар ёдоварӣ аз ҳодисаҳои муҳим ва сарнавиштсози мардуми тоҷик дар остона ва дар тӯли асри бистум буд ва, аз ин рӯ, аз усули хушку маҳдуди таърихнигории илмӣ ва солноманависии суннатӣ зиёд риоят намекунад. "Ин таърихнигорӣ ба он шакли академикӣ нест, ки, масалан, таърихи як қавмро дар сад сол дар бар гирад. Албатта, барои навиштани таърихи халқи тоҷик дар сад соли гузашта мумкин чанд ҷилд китоб даркор бошад. Ин бештар як кӯшиши гуфтани воқеаҳое буд, ки аз назарҳо дур мондаанд ё ба иллати сиёсӣ ва ё ба иллатҳои дигар. Ва ҳамчунин кӯшиши нигоҳ ба таърихи афкори сиёсии тоҷикон буд. Мо агар солҳои бистумро нигоҳ кунем, бисёр ҳодисаҳои ҷолибу аҷибро мебинем, ки тоҷикон тоҷик будани худро рад мекарданд. Ҳамаи ин аз куҷо меояд? Ҳамаи ин чаро ба амал омад? Ҳатто ҳамин ҷанги Тоҷикистон. Сабаб чӣ буд, ки ин ҷанг ба амал омад? Албатта, ақидае ҳаст, ки ин ҷанги таҳмилӣ ва дар давраи бисёр ҳассос буд, аммо боз ҳам ҳар чизе ки дар таърихи имрӯза мо дорем, решаҳову риштаҳояш меоянд аз он давраҳо. Ва ин як кӯшиши он буд, ки то ҷое ки ниру дорем, нигоҳ кунем, ки ҳолате ки имрӯз мо дорем, решаҳояш аз куҷо меоянд? " Аввалин бастаҳои ин китоб дар ҳоли ҳозир дар роҳи ба сӯи Тоҷикистонанд. Аммо низ бояд гуфт, ки "Сад Ранги Сад Сол --Тоҷикон Дар Қарни Бистум" китобе барои тиҷорат ва фурӯш нест ва бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ онро танҳо аз роҳи тақдим паҳн мекунад. Ва он азизони шунаванда, ки мехоҳанд ин китобро дошта бошанд, бояд ба нишонии дафтари Родиёи Озодӣ дар шаҳри Душанбе бо телефони 21- 94 -08 муроҷиат кунанд.



XS
SM
MD
LG