Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медитсинская газета: Беш аз 40 ҳазор аҳолии пойтахти Тоҷикистон ва атрофи он мувоҷеҳи домана мебошанд



Хиромони Бақозода



Нашрияи "Медитсинская газета"-и чопи Русия зери сарлавҳаи "Эпидемияи домана" навиштааст, беш аз 40 ҳазор аҳолии пойтахти Тоҷикистон ва атрофи он мувоҷеҳи домана мебошанд. Чанд корманди масъули вазорати беҳдошти Тоҷикистон дафъатан хабари нашрияи русиро такзиб ва аммо аз гуфтани воқеияти ҳол худдорӣ карданд. Як нафар масъули бахши эпидемиологии вазорат гуфт, тибқи кадом фармони вижае вай ҳуқуқ надорад ин қабил маълумотро ба хабарнигорон ошкор кунад.

XS
SM
MD
LG