Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ду нафарро ба узвияти созмони мамнӯъшудаи "Ҳизб-ут-таҳрир" боздошт кардааст



Тоҳири Сафар



Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе гуфт, кормандони ин ниҳод ду узви созмони мамнӯъшудаи "Ҳизб-ут-таҳрир"-ро боздошт кардаанд. Вазорати кишвар як тани онҳоро дар ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи "Ҳизб-ут-таҳрир" муттаҳам кардааст. Нафари дуввум барои даъват ба сарнагун сохтани ҳукумати қонунӣ дар Тоҷикистон ва Узбакистон айбдор мешавад. Ба иттилои сухангӯи Вазорати дохила ҳар ду гумонбар шаҳрвандони Узбакистон ҳастанд. То имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 130 фаъолони "Ҳизб-ут-таҳрир" боздошт ва маҳкум ба ҳабс шудаанд.

XS
SM
MD
LG