Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Амрико барои расонидани кӯмакҳои низомӣ ба артиши Тоҷикистон



Мирзои Салимпур



Иёлоти Муттаҳида омода аст, дар тарбияи афсарони низомӣ барои артиши миллии Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат намояд. Франклин Ҳадл, сафири Амрико дар Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбе бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон сӯҳбат мекард, гуфт, Пентагон зимнан дар поксозии майдонҳои майнкоришуда дар қаламрави Тоҷикистон низ омодаи ҳамкорӣ мебошад. Шералӣ Хайруллоев дар посух гуфтааст, ки кишвараш ҳама гуна кӯмакеро ки ба таҳкими нирӯҳои мусаллаҳи он мусоидат мекунанд, қадр хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG