Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон музокираро барои раҳоии се шаҳрванди кишвар аз асорати афғонҳо идома медиҳанд



Тоҳири Сафар

аммо гуфта мешавад дар робита ба марги сарбозон додситонии низомии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи ҳодиса пардохтааст.

"Қочоқгарони афғон дар муддати ду се рӯз оянда шаҳрвандони Тоҷикистонро бидуни пардохти 80 ҳазор доллари талабкардаашон озод хоҳанд кард" - гуфтааст як манбаъ аз вазоратҳои қудратии Тоҷикистон ба хабаргузории Итар Тасс. Чор нафар шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи сешанбе як дастаи мусаллаҳи афғонҳо ба асорат бурда буданд. Мусоҳиби Итар Тасс гуфтааст, музокира бо қочоқгарон ба душворӣ пеш меравад, зеро дар ин ҷо масъалаи тақсими нодурусти маблағи маводи мухаддира ва душмании хусусӣ ба ҳам печидаанд. Бо ин ҳама мусоҳиби хабаргузорӣ гуфтааст умед ҳаст, ки афкори солим боло мегирад ва гаравгонон озод мешаванд.

XS
SM
MD
LG