Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Исмат Ҳабибуллоевро ба 25 соли маҳбас маҳкум кард



Абдуқаюми Қаюмзод

Исмат Ҳабибуллоев дар соли 1992 президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиевро таҳти таҳдид ба истеъфо маҷбур карда буд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Исматулло Ҳабибуллоев ва ё Исмати Овулиро ба поён расонда, ҳукми худро эълом дошт, ки иборат аз 25 соли маҳбас мебошад. Исмат Ҳабибуллоев дар таҳияи тарҳҳои сӯиқасд ба ҷони ашхоси саршиноси сиёсии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо собиқ раиси вилояти суғд Абдуҷалил Ҳомидов айбдор дониста шуд. Додвар Азиз Чоршанбиев гуфт, айбномаи мазкур дар ҷараёни муҳокима ба тасдиқ расид. Дар ин айбнома гуфта мешавад, ки Ҳабибуллоев дар ҳамкорӣ бо Маҳмуд Худойбердиев нақшаи куштори афроде монанди Маҳмадсаид Убайдуллоев, Мирзо Зиёев, Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва дигаронро омода кардааст. Исмат Ҳабибуллоев дар соли 1992 президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиевро таҳти таҳдид ба истеъфо маҷбур карда буд.

XS
SM
MD
LG