Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи хусусгардонии моликияти давлатиро барои солҳои 2002-04 тасдиқ намуд



Гулбаҳори Муродӣ

Роҳи оҳани тоҷикро тарҳрезӣ кардааст. Аммо танҳо аввали октябр муайян хоҳад шуд, ки кадом корхонаҳо дар ихтиёри давлат боқӣ мемонанд ва кадоме аз онҳо хусуӣ карда мешаванд. То ҳол дар Тоҷикистон танҳо корхонаҳои хураду миёна хусусӣ карда шудаанд, вале дар бораи ҷараёни ин раванд ва натиҷаҳои он асосан арзёбиҳои манфӣ садо додаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи стратегии хусусигардонии иншооти муҳими давлатиро тасдиқ кард, ки тибқи он корхонаҳои калон ва миёна ба ҷамъиятҳои саҳҳомии навъи боз табдил дода мешаванд. Дар ин бора сухангӯи президенти Тоҷикистон Зафар Саидов ба хабаргузории ИТАРТАСС иттилоъ дода, гуфтааст, ҳукумат сиёсати суботкоронае дар ин маврид нишон дода, кӯшиш хоҳад кард, ки сармоягузорони хориҷӣ ба таври густарда ба ин барнома ҷалб намояд. Дар айни ҳол ба гуфтаи ин манбаъ хусусигардонии иншооти махсусан муҳими давлатӣ танҳо бо иҷозаи вижаи ҳукумат ва ба таври озмуну шартгузорӣ сурат хоҳад гирифт. Ин барнома ҳамчунин сарнавишти ояндаи ширкатҳои давлатии ҳавонавардии "Тоҷикистон" ва Роҳи оҳани тоҷикро тарҳрезӣ кардааст. Аммо танҳо аввали октябр муайян хоҳад шуд, ки кадом корхонаҳо дар ихтиёри давлат боқӣ мемонанд ва кадоме аз онҳо хусусӣ карда мешаванд. То ҳол дар Тоҷикистон танҳо корхонаҳои хурду миёна хусусӣ карда шудаанд, вале дар бораи ҷараёни ин раванд ва натиҷаҳои он асосан арзёбиҳои манфӣ садо додаанд.

XS
SM
MD
LG