Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ соли Осиёи Марказӣ: Имкониятҳои бохта ва ояндаи номаълум



Салими Аюбзод

Дар маркази Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ чанде пеш мулоқоте баргузор шуд бо яке аз пажӯҳишгарони номвари умури Осиёи Марказӣ, раиси Ҷомеъаи Омӯзиши Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҳарварди Иёлоти Муттаҳида Ҷон Шоберлейн. Дар як гуфтугӯи мизи мудаввар ҳамкорони мо аз бахшҳои гуногун дар ин нишаст ширкат карданд ва мушкилоти имрӯзаву аломатҳои ояндаи минтақаро баррасӣ намуданд.



Ҷон Шоберлейн Мудири барномаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Донишгоҳи машҳури Ҳарвард аст, ки аз соли 1993 ба омӯзиши масъалаҳои ин манотиқ машғул мебошад. Шоберлейн унвони доктори илмро дар ҳамин донишгоҳ гирифта, мавзӯъи таҳқиқи ӯ ба ҷомеъашиносӣ, ҳуввиятҳои миллӣ, ҷинсӣ ва мазҳабии кишварҳои мусулмон ва ба вижа Осиёи Марказӣ бахшида шудааст. Дар оғози солҳои навадум Ҷон Шоберлейн тайи чор сол дар маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон корҳои пажӯҳишӣ гузаронида, дар соли 1993 дар Донишгоҳи Ҳарвард маркази Осиёи марказиро таъсис дод ва пажҳӯишгаронро аз сартосари дунё ба кори ин марказ ҷалб намуд. Дар давоми солҳои 1998-99 вай раҳбари барномаи Созмони Милали Муттаҳид дар рушди водии Фарғона таъин шуда, дар мавриди роҳҳои пешгирӣ аз низоъ дар ин минтақа фаъолият намуд. Тайи солҳои 2000 ва 2001 мудирияти барномаи Осиёи Марказиро дар Гурӯҳи Байнулмилалии Омӯзиши Бӯҳронҳо бар ӯҳда дошт, ки ҳадафаш пажӯҳиши омилҳои ихтилоф дар минтақа ва пешниҳоди тавсияҳо ба ҳукуматҳои зидахл буд. Ҳоло Ҷон Шоберлейн дар Донишгоҳи Ҳарвард аз таърих ва тамаддуни исломии мардумони шӯравии собиқ дарс мегӯяд ва кори пажӯҳишии ӯ рӯйи сохтмони давлатдории баъдишӯравии кишварҳои минтақа тамаркуз дорад. Ҷон Шоберлейн муаллифи зиёда аз сад кори тадиқоқотӣ дар масъалаҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва дини ислом аст.

нннн

Онҳое ки ба сӯҳбати Ҷон Шоберлейн омада буданд, ҳамкорони бахшҳои гуногуни Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, то ҷое аз суолҳошон маълум мегашт, бештар ба он менадшиданд, чаро давлатҳои нави Осиёи Марказӣ дар даҳ соли гузашта натавонистаанд, дар ҳеҷ соҳаи муҳими ҳаёти кишварҳои худ пешрафти устуворе ба даст оранд. Бо вуҷуди истиқлолият, бо вуҷуди сарватҳои табиӣ ва бо вуҷуди муносибати куллан мусбати ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба онҳо. Ба ақидаи Ҷон Шоберлейн мушкилоти аслӣ дар ниҳояти кор сиёсист ва ба интихобҳои сиёсие бастагӣ дорад, ки раҳбариятҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пеш гирифтаанд. Ва ҳамчунон камбуд, ё дар баъзе маврид нокомии ислоҳоти иқтисодӣ, фасоду ришват ва гурези сармояи хориҷӣ аз минтақа сабаби ҳолати имрӯзаи ин кишварҳо гаштаанд. Аз меҳмони мизи мудаввар суол шуд, ки агар батартиб омилҳои асосии вазъи феълиро номбар кунем, чӣ рӯйхате пайдо мешавад. Вай гуфт: "Эҳтимолан омили аввал ҷуғрофиёӣ мебошад. Осиёи Марказӣ дар маҳдудае воқеъ аст, ки аз шимол бо Русия ҳаммарз мебошад ва солҳои тӯлонӣ аз Русия вобаста буд ва аз ҷануб, кишвари бесуботе чун Афғонистон, ки солҳо дар он ҷо ҷанг идома дошт. Хуллас дар мавқеъияте буд, ки ба бозорҳои беруна дастрасӣ надошт ва ё дастрасии кам дорад. Масъала боз аз тарафи худи кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилтар карда шуд, ки яке барои дигар монеъаҳои сунъӣ бардошт ва роҳи дигариро баст. Масалан, Тоҷикистон дар ин маврид шадидан осебпазир мебошад аз монеъаҳое ки Ӯзбакистон ва Қазоқистон метавонанд барои шаҳрвандонаш ба вуҷуд оранд. Ба хотири риқз бисёр тоҷикон ба Русия сафар мекунанд ва барои ин бояд аз Ӯзбакистону Қазоқистон гузаранд. Ин амал барои онҳо бисёр душвор мешавад, бо сабаби мушкилоти қонунӣ ва фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ба монанди фишору тазйиқ ва рӯёндани ришват аз онҳо."

Аз Ҷон Шоберлейн пурсида шуд, ки чунин монеъагузорӣ чӣ сабаб дорад ва оё бар зарари ҳамаи ин кишварҳо нест, ҳатто худхаробкунанда нест? Шоберлейн мавҷудияти чунин монеъаҳоро ба манфиати гурӯҳҳое аз саромадони кишварҳои номбурда шумурд, ки аз ин ҳисоб даромадҳое доранд. Вай гуфт, дар сатҳи баландтар ва густардатар, масалан, дар Ӯзбакистон фурӯши пахта ва ё маводи дигар дар ихтиёри яккаи ин ё он ниҳод ва ё гурӯҳҳои ҳоким аст. Ҳамчунон, тиҷорати озод дар марзҳои байни давлатҳои Осиёи Марказӣ садҳо нафар аз амалдорони сатҳи гуногунро аз даромади муфт маҳрум мекунад. Омили дуюми вазъи феълии минтақаро Шоберлейн дар фурӯпошии иқтисодиёти шӯравӣ мебинад, ки бо вуҷуди навоқисаш нони мардум ва ҳолати миёнаеро таъмин мекард. Ин фурӯпошӣ бисёр васоити ҳифзи иҷтимоиро аз байн бурд ва ҳоло аҳолие ки одат карда буд, дар ҳалли ҳамаи мушкилоти худ ба давлат такия кунад ва ҳукуматро масъул шуморад ва ҳукумат ҳам ки манфиатҳои худро аз манофеъи мардум ҷудо кардааст, аҳолӣ дар вазъи баде ба сар мебарад. Ин ҳам дар ҳоле ки таълиму тарбия, риштае ки шӯравӣ дар он хеле қаваӣ буд, фурӯ пошидааст, махсусан дар Қирғизистон ва Тоҷикистон ва пойин рафтани нақши забони русӣ, сафи ихтисосмандонро коҳиш дода, гирифтани маълумотро дар донишгоҳҳои Русия номумкин гардондааст. "Эътидоли вазъи минтақа омили дигари муҳимест, ки монеъи пешрафт шудааст. Нооромии азим, ки то ин афохир дар Афғонистон ҳоким буд, ба вазъи Тоҷикистон таъсири рӯйирост дошт. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ҳарчанд на бар асари вазъи Афғонистон ба амал омадааст, дар натиҷаи наздикӣ бо Афғонистон шиддати зиёдтар касб кард. Ва ҳамчун натиҷа Тоҷикистон, ҳарчанд то андозае дар кишвар ба тафоҳум ва осоиш даст ёфт, мушкили ҷиддие дорад дар ҷалби сармоягузорони хориҷӣ. Ҳатто созмонҳои байнулмилалии хайрия чандон майл надоранд, дар кишварҳое ки чунин мушкили амниятӣ доранд, кор кунанд." Сипас, чун сӯҳбат ба масъалаҳои амнияту эътидол доман кашид, аксари ҳозирон аз тундгароии исломӣ ҳамчун хатар ба оромии минтақа ёд карданд ва номи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон сари забонҳо омад, ки дар гузашта борҳо ба Ӯзбакистон ва Қирғизистон ҳамла кардааст. Вале он вақт дар Афғонистон толибон сари қудрат буданд ва Ғарб ба Осиёи Марказӣ наомада буд. Ба ақидаи Ҷон Шобрелейн бо вуҷуди шикасти толибҳо ва аз саҳна дур шудани Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ин гурӯҳ боз шояд дар ҷое ба шакле худро нишон диҳад. Дар айни замон аз Ҳизби Таҳрир зиёд сӯҳбат мешавад, ки чӣ андоза қавӣ будани ин ҳаракатро тахмин задан душвор аст. Ба ҳар ҳол чунин омил боқӣ мемонад, аммо заминаи рушду нирӯмандии он дар оянда ба хатти маши ҳукуматҳои минтақа вобаста аст, то ба кӯмакҳои молии беруна ба гурӯҳҳои тундрав. Ҳукуматҳои минтақа бунёди ҷомеъаҳои плюралистиро намехоҳанд. Онҳо намехоҳанд, мухолифони қавӣ дошта бошанд ва аз эҳтимоли додани қудрат ба ин мухолифин меҳаросанд. Биноан ба ҳама гурӯҳҳои дигарандеш ва махсусан исломӣ, ки пинҳонкории онҳо тарси бештар эҷод мекунад, фишор меоваранд. Дар натиҷа норозиён ҳарчӣ бештар ба ҳамин гурӯҳҳои тундрав ва ҳатто мусаллаҳ майл пайдо мекунанд. Ин ҳукуматҳо ба фаъолиятҳои иқтисодӣ назорати бисёр сахт доранд, зеро ин ба манфиати гурӯҳҳои хурди саромадони иқтисодӣ ва сиёсӣ аст. Дар натиҷа ниҳодҳои иқтисоди бозор ба вуҷуд намеоянд ва оянд ҳам, дуруст амал карда наметавонанд. Ҷон Шоберлейн гуфт: "Мушкил ин ҷост, ки дар миёни манфиатҳои мардуми оддӣ ва элита ва ё саромадон ихтилофи ошкор мавҷуд аст ва ин бармегардад ба масъалаи бунёдии сиёсии минтақа, яъне камбуди мардумсолорӣ ва набуди имкони фишор ба элита барои қонеъ кардани талаботи мардум."

Мисли як давраи сарбаста боз ба нуқтаи аввал баргаштем. Албатта, дар рафти ин сӯҳбат ҳамкорони мо аз бахшҳои гуногуни Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ ба масъалаҳои зиёде таваҷҷӯҳ карданд, аммо хулоса ин буд, ки сарнавишти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар дасти раҳбариятҳои ин кишварҳост. Ин ҳукуматҳо худкома ҳастанд ва танҳи имрӯзи худро фикр мекунанд, на ояндаи дурро. Ҳарчанд аз худи минтақа гаштаю баргашта аз зарурати сармоя, кӯмак, қарз, бахшиш ва тӯҳфаҳои хориҷӣ садо баладн мешавад, Ҷон Шоберлейн мегӯяд, маблағ танҳо як ҳиссаи хеле хурди масъала аст ва мушкили асосӣ ба иродаву интихоби ҳукуматҳо ва сарварони Осиёи Марказӣ дахл дорад.

XS
SM
MD
LG