Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси САҲА хостори узвияти Афғонистон дар ин созмон шудааст



Нурмуҳаммади Холзода



Раиси кунунии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо мегӯяд, Афғонистон метавонад ба ин созмон дархости ҳамкорӣ кунад. Антонио Мартинз да Круз, ки ҳамзамон вазири хориҷаи Португалия низ мебошад, имрӯз дар Тоҷикистон гуфт, ки ҳадафи боздидаш аз Тоҷикистон баррасии масоили амниятӣ дар минтақа мебошад. Да Круз дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон изҳор кард, ки Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо мунтазири дархости Афғонистон барои ҳамкорист. Ба гуфтаи Да Круз, музокироти вай бо Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ихтисос дошт.

XS
SM
MD
LG