Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳои Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар озодиҳои комили демократӣ вуҷуд надоранд



Мирзонабии Холиқзод

Намояндагони ҳизби мазкур аз шарикони собиқи худ дар Иттиҳоди оппозисюни тоҷик шиква карданд, ки ҳадафҳои баланди сиёсиро қурбони манфиатҳои лаҳзаинаи гурӯҳӣ намудаанд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, Ҳизби Демократ ба интихобобтҳои нав омодагии қавӣ мегирад ва талаб дорад, ба хотири интихоботи озоду одилона қонуни интихоботи Тоҷикистон тағйир дода шавад.

Раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон Маҳамдрӯзӣ Искандаров гуфт, дар Тоҷикистон озодиҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд ва "ҳукумат на фишор меорад ва на иҷозат медиҳад, ки чунин озодиҳо ба вуҷуд оянд. Раҳбари демократҳои Тоҷикистон ин дидгоҳи худро дар ҷараёни як сӯҳбати гирди мизи мудаввар дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳри душанбе баён дошт ва афзуд, ҲДТ ҳамоно барномаи худро пайгирӣ мекунад, ки расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон аст. Намояндагони ҳизби мазкур аз шарикони собиқи худ дар Иттиҳоди оппозисюни тоҷик шиква карданд, ки ҳадафҳои баланди сиёсиро қурбони манфиатҳои лаҳзаинаи гурӯҳӣ намудаанд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, Ҳизби Демократ ба интихобобтҳои нав омодагии қавӣ мегирад ва талаб дорад, ба хотири интихоботи озоду одилона қонуни интихоботи Тоҷикистон тағйир дода шавад.

XS
SM
MD
LG