Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари коршиноси умури Афғонистон ба ҳайъат ва тавоноии ҳукумати нави Афғонистон



Салими Аюбзод

Ҳукумати нави Афғонистон чӣ гуна ташкил шуд ва чӣ омилҳо ба он таҳдид мекунанд. Мусоҳиба бо Барнетт Рубин, мудири Маркази пажӯҳиш ва ҳамкориҳои байнулмилал дар Донишгоҳи Ню-Йорк, муаллифи китоб ва рисолаҳо дар мавзӯъи Афғонистон.



Савол: Ҷаноби Барнетт Рубин, аввалин таассуроти шумо аз хабари ташкили ҳукумати нави Афғонистон чист?

Ҷавоб: Таассуроти аввалини ман ин аст, ки вай шумори паштунҳоро дар ҳукумат афзойиш дод. Ин дар номи аъзои нави кобина ба назар мерасад, ки ними он насаби паштунӣ доранд. Дар айни замон вай ба ҷангсолорони муҳими минтақавӣ мақоми нойиби президентро дод, ба истиснои генерал Дӯстум ва Исмоилхон. Ман мефаҳмам, Исмойил хон чунин мақомро рад карда буд. Ин ҳам аҷиб аст, ки вай райиси додгоҳро иваз накард. Ҳол он ки ин шахси хеле солхӯрда аст ва синнаш аз маҳдудияте ки қонуни асосии соли 1964 муайян намудааст, бештар мебошад. Ва бисёр фишороваранда буда, ҷорӣ шудани қонунҳои сахти шариатиро пуштибонӣ мекунад, яъне ончиро ки ҳукумат ба он розӣ нест. Хуб, рӯшан аст, ки Карзай аз роҳи мусолиҳа пеш меравад. Вай ҳамчунин генерал Фаҳим, фелдмаршал Фаҳимро дар мақоми вазири дифоъ ҳифз кард ва ӯро нойиби президент низ таъин намуд, ки аломати рӯшани таъсири мудаввоми панҷшериён дар ҳукумат ва мамлакат аст.

Савол: Ташкили ҳукумати нави Афғонистон, аниқитараш, эълони он чандин бор ба таъхир афтод ва гуфта мешуд, ки барои Ҳомид Карзай ташаккули ҳукумати нав кори бенияот сахту сангин буд. Оё дар ҳақиқат ташкили чунин ҳукумат кори душвор буд ва чаро?

Ҷавоб: Албатта, душвор буд, зеро вай мебойист дар байни чандин омил мувозанат эҷод мекард. Ва аз сӯйи дигар қудрати ҳарбии панҷшериёнро бояд ба ҳисоб мегирифт, ки гурӯҳи хурд ҳам бошад, нирӯманд аст, аммо маҳбубияти зиёд надорад ва мумкин буд, ки Луя Ҷирга номзадҳои онро тарафдорӣ накунад. Ва ӯ дар зери фишори ду-гона монда буд, ки аз як тереф мебойист, ҳукумати васеъбунёд ташкил кунад, аз сӯйи дигар ҳукумати хурд ва короӣ. Ва ин душвор аст, сохтани ҳукумати васеъбунёд ва дар айни замон хурд, махсусан вақте ки шумо ҳадафи фишорҳои мухталифи сиёсӣ қарор мегиред.

Савол: Ҷаноби Рубин, пас оё Ҳомид Карзай тасмимҳоеро ки эълон кард, таҳти фишор ба амал овард ва ё ҳамаи ин барнома як нақшаи ҳисобшуда мебошад?

Ҷавоб: О, ман фикр мекунам, ҳеҷ кадом, зеро гумон аст, инҳо интихоби шахсан худи ӯ бошанд. Инҳо натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ бо тарафҳои гуногун мебошанд. Дар айни замон касе ҳам бо чунин номгӯй назди ӯ наомадааст ва нагуфтааст, ин чизест, ки шумо бояд ба он ризоият диҳед.

Савол: Пас оё чунин ҳукумате ки дар навбати аввал бояд тарафҳои гуногунро қонеъ кунад, дар амал, дар иҷрои вазифаҳои худ барои 18 моҳи оянда то куҷо самарабахш хоҳад буд?

Ҷавоб: Дар ин бобат, ман бояд бигӯям, ки мо ҳоло номгӯйи пурраи ҳукуматро надидаем ва баъзе чизҳои дигар дар ҳоли таҳаввул мебошанд. Ман инро қайд кардам, ки Ашрафғанӣ Аҳмадзай вазири молия таъин шуд. Вай ҳамчунин райиси Маркази ҳамоҳангсози кӯмак ба Афғонистон аст, ки қаблан дар назди дастгоҳи президент буд. Акнун вай метавонад чунин марказҳоро таҳти вазорати молия муттаҳид кунад ва аз тариқи ин вазорат якҷо бо ҳамоҳангии кӯмакҳо дар бозсохти Афғонистон раҳбарияти амалие ба миён хоҳад омад.

Савол: Оё баъди ташкили ҳукумати нави Афғонистон хосияти омилҳои таҳдидкунанда ба эътидолу суботу амният дар кишвар тағйир ёфтааст ва ин омилҳо кадоҳоянд?

Ҷавоб: Метавон гуфт, таҳдидҳо ҳамонҳоеанд, ки ба ҳукумати пешина низ таҳдид мекарданд. Афғонистон ҳамоно кишвари хеле номӯътадил аст. Ҳукумат ҳамоно ба бисёре аз вилоятҳо назорат надорад. Баъзе аз ҷангсолорони хеле нирӯманд ҳанӯз ҳам пурра дар тарафи ҳукумат нестанд, ҳарчанд дар ҳукумат мақоми расмӣ гирифтаанд. Қисми ағлаби даромади ҳукумат ҳанӯз ҳам дасти ҷангсолоронест, ки посгоҳҳои гумрукиро таҳти назорат доранд. Кишвар артиши миллии боварибахш надорад, балки ба сурати умум артишҳои гурӯҳиро дорост. Ва пояи ҳукумат бар пулест, ки он метавонад ба кормандони давлати худ ҳамчун музд бидиҳад. Мушкилоти амниятӣ вуҷуд дорад, махсусан дар Шимол, зӯроварӣ нисбати мардумии маҳаллӣ аз рӯйи мансубияти қавмӣ ва нисбати кормандони Созмони Милали муттаҳид ва созмонҳои ғайридавлатӣ. Хуб, ба назари ман, танҳо интихобот дар Луя Ҷирга наметавонад, ҳама чизро ба таври ҷиддӣ тағйир диҳад ва агар ҳукумат ҷиддитару босамартар кор кунад, мардум ба он бовари бештар нишон диҳанд ва агар донорҳо ба ваъдаҳои худ вафо карда, пайваста кӯмак кунанд, он гоҳ шояд иҷрои бархе аз ин масъалаҳо ба ҳукумат даст диҳад.

Савол: Ҷаноби Рубин, вижагии дигари назаррас ин буд, ки Карзай бо додани мақомҳои давлатӣ ба сарони ҷиноҳҳои гуногун аз онҳо талаб кард, дар пойтахт боқӣ бимонанд ва кор кунанд. Оё ин амал ҳисобшуда ва боҳадаф аст?

Ҷавоб: Табиист, ки вақте шумо ҷангсолорони минтақавиро ба ҳукумати миллӣ шомил мекунед, ҳузури онҳо дар ин ҳукумат ҳаҷми назорати ҳукумати марказиро ба он вилоятҳо густариш медиҳад. Эҳтимол Карзай ҳамин кӯшишро пеш гирифтааст.

XS
SM
MD
LG