Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши гардиши мол дар вилояти Суғд ҳукуматро ба ташвиш овардааст



Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Вай афзуд, ҷорӣ гаштани андози 20-дарсада дар нимаи соли гузашта ба кам шудани гардиши мол дар ҳудуди вилояте, ки доройи калонтарин бозорҳои минтақаӣ мебошад, сабаб гардид.

Дар нӯҳ моҳи гузашта гардиш мол дар вилояти Суғд ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфта, аз 60 миллион доллар ба 45 миллион доллар пойин омад. Райиси гумруки вилоят Ҳокимшоҳ Тилоев ин равандро падидаи манфӣ ва идомаи онро хатарнок номид. Вай афзуд, ҷорӣ гаштани андози 20-дарсада дар нимаи соли гузашта ба кам шудани гардиши мол дар ҳудуди вилояте, ки доройи калонтарин бозорҳои минтақаӣ мебошад, сабаб гардид. Дар нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд ҷаноби Тилоев гуфт, интизор меравад, қарори нави ҳукумат, ки ҳама гуна молиёти гумрукиро дар ҳудуди 5 дарсад аз арзиши мол муайян намудааст, вазъиятро иваз кунад ва пеши роҳи шикасти бозори дохилии вилоятро бигирад. Бозорҳои Хуҷанд ва Истаравшан кайҳо аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ касб кардаанд, зеро онҳо на танҳо ҳамаи вилояти Суғд, балки пойтахти кишвар ва навоҳии ҷанубро бо молу мавод таъмин мекунанд. Коҳиши гардиши мол ба баланд шудани нарх дар ин бозорҳо ва ҳамчун натиҷа дар манотиқи дигари Тоҷикистон сабаб мегардад.

XS
SM
MD
LG