Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири Амрико дар Тоҷикистон ҳузури нирӯҳои кишварашро дар Осиёи Марказӣ муваққатӣ номид



Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Дар нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд ҷаноби Ҳаддл гуфт, мақсади Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ мусойидат ба амният ва рушд мебошад.



Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Франклин Ҳаддл бори аввал ба шимоли Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд сафар кард ва дар ин ҷо бо рафти истифодаи кӯмакҳои Амрико аз наздик ошно шуд. Дар нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд ҷаноби Ҳаддл гуфт, мақсади Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ мусойидат ба амният ва рушд мебошад. Вай афзуд, Амрико ҳузури нирӯҳои худро дар ин минтақа барои муддати тӯлонӣ дар назар надорад. Ин ҳузур ба гуфтаи сафири Амрико, муваққатӣ буда, ба вазъият дар Афғонистон бастагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG