Пайвандҳои дастрасӣ

Иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2002-2003ум рӯ ба инкишоф мениҳад



Хиромон Бақозода

Дар бахши тоҷикистонии гузориши солонаи Бонки Осиёии Рушд оид ба пешравиҳои иқтисодӣ дар соли 2001 гуфта мешавад, вазъи кишвар баоҳистагӣ рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.

Ин аст хулосаи аслии гузориши солонаи Бонки Осиёии Рушд, ки ахиран пахш гардид. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 6 аз даҳ 4 фойиз афзойиш меёбад. Интизор меравад, рушди иқтисодиёти Туркманистону Озарбойҷон дар солҳои 2002-2003 ду баробар ва дар Тоҷикистону Қазоқистон аз 4 то 7 дар садро ташкил хоҳад дод. Дар бахши тоҷикистонии гузориши солонаи Бонки Осиёии Рушд оид ба пешравиҳои иқтисодӣ дар соли 2001 гуфта мешавад, вазъи кишвар баоҳистагӣ рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Ва инкишофи иқтисоди берунаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 70 фойиз, аксаран аз ҳисоби фурӯши пахтаву алюминиум таъмин гаштааст. Вазъи Афғонистони ҳамсоя ва ҳамкориҳо бо Федератсияи Русия, шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон, хеле муҳим боқӣ мемонад, гуфта мешавад дар гузориши ниҳоди байналхалқӣ. Дар соли 2001 бар хилофи пешгӯйиҳои на он қадар хушбинонаи қаблӣ, рушди иқтисоди Тоҷикистон то ба 10 дар сад афзойиш ёфтааст. Солҳои пешин нишондоди мазкур дар сатҳи 8 аз даҳ 3 фойиз буд. Дар соли гузашта бахшҳои саноати Тоҷикистон пойин рафта тавлидоти саноатӣ дар кишвар ба 14 аз даҳ 1 фойиз расидааст. Соҳаи кишоварзӣ, ки ҳудуди 20 дар сади иқтисоди дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, бо назардошти фаъолияти нопурраи он, ҳамчунин нисбатан хушбинона аст. Дар шароити хушксолиҳои ахир, рушди кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2001 11 дар садро ташкил дод. Ва нишондоди мазкур ғолибан бар асари тавлиди бештари пахта ба даст омад. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, дар гузориши Бонки Осиёии Рушд нишондодҳои расмиву ғайрирасмии бозори меҳнат дар соли 2001 дар кишвар фарқ мекунанд. Тибқи иттилоъи расмӣ сатҳи бекорӣ дар кишвар то 2 аз даҳ 8 дар сад дар муқоийиса бо 3 аз даҳ 3 фойизи соли қаблӣ коҳиш ёфтааст. Вале маълумоти ғайрирасмӣ мегӯянд, сатҳи бекорӣ дар соли гузашта то ба 30 дар сад мерасид. Гуфта мешавад, ҳудуди 200 ҳазор аҳолии Тоҷикистон дар соли гузашта дар ҷустуҷӯи кор дар шаҳрҳои Русия буданд. Ва ин нишондод назар ба солҳои қаблӣ зиёдтар аст, мегӯяд Бонки Осиёӣ. Се қисми аҳолии коршоями Тоҷикистон феълан дар бозори меҳнати кишварҳои хориҷа машғул аст. Ва дар ҳамин ҳол, 80 дар сади аҳолӣ ҳамчунон дар ҳолати фақр ба сар мебарад. Дар солҳои 2000-ум ва 2001-ум хароҷоти бахши иҷтимойии Тоҷикистон ҳудуди 48 фойизи воридоти давлатиро ташкил дод. Ва ин масъала дар хароҷоти дигари муҳими давлатӣ таъсири худро гузошт. Зеро, гуфта мешавад дар гузориши Бонки Осиёӣ, 40 дар сади буҷаи давлатӣ мебояд барои соҳаи иҷтимойӣ бахшида шавад. Дараҷаи таваррум, инфляцияи пули миллӣ дар соли гузашта аз нишондодҳои соли пешин 6 дар сад боло рафта, 38 аз даҳ панҷ фойизро ташкил дод. Ва дар ҳамин ҳол гузориш қайд мекунад, ки бо назардошти асароти хушксолӣ, қурби пули миллӣ дар Тоҷикистон устувор боқӣ мемонад. Дар бахши тараққиёти сиёсати дохилии Тоҷикистон дар гузориши Бонки Осиёии Рушд гуфта мешавад, дар даҳсолаи минбаъда Тоҷикистон дар ростои фишори иқтисодӣ қарор хоҳад дошт. Тибқи нақшаҳои ҳукумати кишвар, соҳаи гумруки Тоҷикистон таҳким ёфта, тамоми назми кори ин бахш ба фаъолияти компютерӣ мегузарад. Дар ин ҳолат, ба истилоҳ ҷараёни коҳиши андоз аз фурӯши пахта, ки ба 5 фойиз расидааст, ба истилоҳ ҷуброн хоҳад шуд. Ҳамчунин ҳукумат ният дорад, ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатиро идома бахшад. Ва дар ин соҳа ҳамчунин коҳиши андоз дар назар гирифта шудааст, навишта шудааст дар гузориши Бонки Осиёӣ. Дар тӯли 5 соли минбаъда, мегӯяд бонк, иқтисоди Тоҷикистон ба таври муътадил рӯ ба беҳбудӣ мениҳад, вале баъзе хатарҳо ҳамчунон боқӣ хоҳанд монд. Омилҳои аслие, ки дар ин самт таъсир хоҳанд гузошт, баландии қарзҳои беруна, номуътадилии робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, рушди нобаробари саноат ва кишоварзӣ ва вазъи Афғонистон мебошанд. Ҳамчунин гузориш мегӯяд, дар бозори ҷаҳонӣ интизор меравад, нархи алюминиум пойин равад, ва ин барои иқтисоди Тоҷикистон хушбин буда наметавонад. Дар назар аст, ки ҳукумат қурби пули миллиро дар соли 2002 дар атрофи нишондоди 9 дар сад дар муқоиса бо солҳои пешин нигоҳ хоҳад дошт ва камбуди буҷа беш аз 1 фойизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил нахоҳад дод. Дар хулосаи гузориши солонаи Бонки Осиёии Рушд оид ба Тоҷикистон гуфта мешавад, дар шароити фақри аксари аҳолии кишвар бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ хеле муҳим аст. Ба ҳар сурат, мегӯяд гузориш, диққати ҳукумат барои афзойиши тавлиди энержӣ, пахта ва алюминиум равона гардидааст, ки ҳамаи ин бахшҳо хеле заҳматталабанд.

XS
SM
MD
LG