Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шери Панҷшер ба Афғонистон бармегардад



Соҷидаи Мирзо

Дар Афғонистони имрӯза чеҳраи Аҳмадшоҳи Масъуд фармондеҳи машҳури ҷанги зиддишӯравӣ ва режими Толибон, ки ду рӯз пеш аз ҳуҷуми террористӣ ба Иёлоти Муттаҳида кушта гардид, дар ҳар сари қадам ба чашм мерасад.

Дар Афғонистони имрӯза чеҳраи Аҳмадшоҳи Масъуд фармондеҳи машҳури ҷанги зиддишӯравӣ ва режими Толибон, ки ду рӯз пеш аз ҳуҷуми террористӣ ба Иёлоти Муттаҳида кушта гардид, дар ҳар сари қадам ба чашм мерасад. Ин чеҳраи барои як фармондеҳи ҷангдида нозук, бо риши зебо ва нигоҳи қатъииро метавон дар хонаву кӯча, тирезаи мошин ва ҳатто қолинҳои анъанавии мардуми Афғонистон пайдо кард. Ва дар дафтари раҳбари идораи муваққати Афғонистон, ки акси бузурги Масъуд дар девори он насб шудааст, тавре ба назар мерасад, ки дар ин идора раис на Карзай балки Масъуд аст. Афғонистон қонуни Қаҳрамонӣ надорад. Аммо ба гуфтаи раиси хабаргузории Бохтар Султон Аҳмад Баҳин давраи нави парастиши қаҳрамон дар Афғонистон шурӯъ шудааст. Масъуд ба ин мақом номзади сазовор аст. Ӯ муддати тӯлонӣ, то марги фоҷеъабори худ, тахаллуси Шери Панҷшерро дошт. Ин дараест дар манотиқи шимоли Афғонистон, ки ҳам хонаи Масъуд буд ва ҳам қалъаи ҷангии, ӯ дар ҷанги зидди Шӯравӣ ва муборизаи панҷсола алайҳи режими Толибон. Мутаасифона умр ба Масъуд вафо накард ва ба ӯ муаяссар нашуд, ки шикасти режими Толибонро бо чашми худ бубинад. Ба ҷони Масъуд сӯиқасд шуд ва ду террористи маргталаб, гумонбаршудаҳои узвияти созмони Террористии Ал Қоидаи Бин Лоден уро ҷисман аз байн бурданд. Аммо ин умри кӯтоҳи пур аз қаҳрамонӣ ва марги бармаҳал кофӣ буд, ки Масъуд дар хотири аксар афғонҳо ҳамчун қаҳрамони миллӣ ва шаҳиди муборизаи роҳи озодӣ боқӣ бимонад. Ҳакимулло як механик аз канораҳои Кобул, ки дар сояи се акси бузурги Масъуд кор мекунад, мегӯяд, Масъуд фармондеҳи бузург буд ва ман ӯро мепарастам. Масъуд бузаргатрин Қаҳрамони таърихи Афғонистон аст.- Меафзояд, ҳамсояи Ҳакимулло. Фаҳими Дашти сардабири маҷаллаи Кобул низ Қаҳрамонии Масъудро эътироф мекунад. Ӯ мегӯяд, вай қаҳрамонии миллии мост ва мавҷудияти аксҳояш дар ҳама ҷо ягона роҳи изҳори эҳтиром ба шахсияти ӯст, ки то дергоҳ дар хотирҳо боқӣ хоҳад монд. Аммо онҳое, ки фармондеҳ Масъудро ҳамчун марди хоксор дар хотир доранд, мегӯянд, ки у аз чунин теъдоди зиёди аксҳои худ дар биноҳои ҳукумат ва болои фурудгоҳи милии Кобул эҳтимолан таъаҷуб мекард. Баъзеҳо парастиши қаҳрамононро барои мардуми Афғонистон як чизи бегона арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи профессори таърихи нави Афғонистон дар донишгоҳи Кобул Азиз Аҳмад Раҳманд ин гуна парастишҳо заминаи сиёсӣ доранд ва намояндагони Шӯрои Назар, ҷиноҳи Иттиҳоди Шимол, барои ҳифзи тавон ва салоҳияти худ аз обрӯи Масъуд истифода мекунанд. Ҳамсафони Масъуд дар ҳукумати феълии Афғонистон се вазорати муҳими давлатӣ, Вазорати дифоъ, дохилӣ ва хориҷиро дар даст доранд. Аммо дар деҳкадаҳои атрофи Кобул, бо аҳолии асосан паштун, аксҳои ин фармондеҳи қаҳрамон, ки аз тоҷикони шимол аст вуҷуд надоранд. На дар кӯча на мошин ва на дар қолинҳо. Дар манотиқи ҷануби паштунишин низ барои посдории хотироти Масъуд асос надоранд. Ин қисмати Афғонистон пойгоҳи асосии режими Толибон, душмани ҷонии Масъуд буд. Муҳаммад як ронандаи мошини боркаш, аз мухлисони Масъуд аст. Аммо мегӯяд, ки аксҳои фармондеҳро танҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз хушунати сарбозони Иттиҳоди Шимол истифода мекунад, ки дар постгоҳҳои мухталиф фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG